Тоҷикӣ
Русский
English
Авторизоваться
ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст
Menu
Асосӣ
Муассиса
Таърих ва маълумот оиди муассиса
Сохтори муассиса
Роҳбарияти муассиса
Директор
Муовини аввал
Муовин
Муқовимат бо коррупсия
Муроҷиат ба муассиса
Раёсатҳо ва шӯъбаҳо
Маҷаллаи "Роҳ ва нақлиёт"
Шуъбаи танзими боркашонӣ, мусофирбарӣ ва омор
Шуъбаи рушди хизматрасониҳои логистикӣ,лоиҳаҳо ва равобити байналмилалӣ
Шуъбаи иттилоот ва коргузорӣ
Раёсати муҳосибот ва дурнамои иқтисодӣ
Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ
Раёсати назорат, танзим ва рушди фаъолият дар минтақаҳо
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар вилояти Суғд
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Кӯлоб
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Бохтар
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар ш. Душанбе ва НТМ
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Рашт
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи ВМКБ
ХАБАРҲО
Санадҳо
Кодекси нақлиёти автомобилии ҶТ
Қоидаи гузаронидани (тендер) хатсайрҳо
Қоидаи истифодаи роҳхат ва борхатҳо
Дастурамали истифодабарии борхатҳо
Хизматрасониҳо
Нархномаи муассиса
Замимаи мобилӣ
Тендерҳо (оид ба вобастакунии хатсайрҳо)
Эълони тендерҳо
Қоидаи гузаронидани тендер
Корти рақамии тахограф
Корхонаҳо
Ширкатҳои боркашони дохили Тоҷикистон
Ширкатҳои боркашони байналмилалӣ
ШИРКАТҲОИ ЛОГИСТИКӢ ВА ЭКСПЕДИТСИОНӢ
ХАТСАЙРҲОИ МУСОФИРБАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
ШИРКАТҲОИ МУСОФИРБАРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
ШИРКАТҲОИ МУСОФИРБАРИИ ДОХИЛИ ТОҶИКИСТОН
ХАТСАЙРҲОИ МУСОФИРБАРИ ДОХИЛИ ТОҶИКИСТОН
Лоиҳаҳо
БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТИИ СОҲАВӢ
МАВОДҲОИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ
ЛОИҲАҲО
Робитаҳои байналмилалӣ
Фаъолияти илмӣ
Тадқиқотҳои илмӣ
ОЗМУНҲО
ЧОРАБИНИҲО
МАҶАЛЛАИ “РОҲ ВА НАҚЛИЁТ”
Маълумоти умумӣ оиди маҷалла
Санадҳои вобаста ба маҷалла
Тартиби пешниҳоди мавод
Тамос
Previous
Next
ТАБРИКОТИ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
2026-11-13 16:50:22
|
Диданд: 25
Имрӯз дар Вазорати нақлиёти ҶТ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Вазири нақлиёт Азим Иброҳим иштирокчиёни ҷамъомад ва дар симои онҳо ҳамаи кормандони соҳа ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ин рӯзи муборак табрику таҳният гуфт.
Дар бораи аҳамият ва афзалияти шакли идоракунии президентӣ ва фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ Зариф Ализода, Раиси Иттифоқи касабаи ҷумҳуриявии кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо Нисо Бобоева ва корманди раёсати таҳлил ва дурнамои Вазорати нақлиёт Фарзонаи Худойдод изҳори назар намуданд.
Дар зер матни табрикоти Вазири нақлиёт Азим Иброҳим пешкаш мешавад.
Дӯстони азиз, ҳамкорони иззатманд,
Мову шумо дар арафаи яке аз ҷашнҳои муҳими миллию давлатиамон – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ҳар сол 16 ноябр дар кишвари мо ин санаи муборак таҷлил карда мешавад, ки рамзи сипосу миннатдории мардум ба Пешвои миллат ва эътирофи нақши бузурги ниҳоди президентӣ дар ташаккули давлати муосири Тоҷикистон мебошад.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб ман ҳамаи шумо ва дар шахси шумо тамоми кормандони соҳа ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ин санаи муборак самимона табрик мегӯям!
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 инҷониб тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба ҳайси иди умумимиллӣ дар саросари мамлакат, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва дигар идораю муассисаҳо, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва миёни тоҷикони бурунмарзӣ бо шаҳомати хоса ва ифтихору сарфарозӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар ин рӯз дар саросари кишвар ба нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба роҳи таърихии Ҷумҳурии соҳибистипқлоли Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зиёди идона, аз ҷумла маҷлисҳои тантанавӣ, конфронсҳои илмӣ, ҳамоишҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ доир карда мешаванд.
Нахустин маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 21-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 12-ум рӯзи 16 ноябри соли 1994 баргузор гардида буд. Маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ ва тақдирсоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи нави давлатдорӣ – шакли идоракунии президентӣ оғоз ёфт, ки он рушди минбаъдаи бомароми кишварро таъмин намуд. Дар робита бо ин, соли 2016 тибқи қарори Шурои Олии мамлакат дар қонунгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол рузи 16 ноябр ҳамчун Рузи Президент ворид карда шуд.
Ҳамкасбони арҷманд,
Дар таърихи сиёсати ҷаҳонӣ таҷрибаи арҷгузорӣ ба хизматҳои арзандаи шахсиятҳои бузург, сиёсатмадорони барҷаста ва ходимони намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ роиҷ ва маъмул аст. Барои мисол, санаҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти чунин шахсиятҳои дар ҷаҳон маълуму машҳур, ба монанди Маҳатма Ганди, Шарл де Голл, Дэн Сяопин, Франлин Рузвелт, Мартин Лютер Кинг, Ли Куан Ю, Махатхир Муҳаммад ва дигарон ҳамчун ҷашнҳои умумумиллӣ дар кишварҳояшон қабул гардида, дар сатҳи баланди давлатӣ таҷлил карда мешаванд.
Ва мӯҷиби ифтихору сарбаландии ҳамаи мост, ки номи Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар қатори ҳамин гуна давлатмардони барҷастаи замони муосир қарор дорад.
Мавриди зикр аст, ки феълан шакли идоракунии президентӣ дар беш аз 130 давлати ҷаҳон амал мекунад, вале Рӯзи Президент ҳамагӣ дар 6 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Исландия, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон таҷлил карда мешавад.
Ин нишонаи қадршиносии мардуми шарифи Тоҷикистон аз хизматҳои беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эҳтирому эътирофи фазилатҳои сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми ин сарзамини бостонӣ ва болоравии нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ки ҳама аз сиёсати хирадмандонаву созанда ва ваҳдатофари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегиранд ва ба туфайли он мо имрӯз дар кишвари орому осуда ва пайваста дар рушду нумуъ кору зиндагӣ мекунем.
Тавре дар моддаи 64-и Конститутситяи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:
«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад»
.
Қобили зикр аст, ки ҳамаи дастовардҳои кишвар дар даҳсолаҳои охир бевосита бо фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ доранд. Сиёсати ин фарзанди фарзонаи миллат ба таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, рушди бемайлон дар тамоми соҳаҳо, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва инкишофи муносибатҳои байналмилалӣ равона карда шудааст. Президенти мо на танҳо дар кишвари худ, балки берун аз он ҳамчун як арбоби бузурги давлатӣ, ки ғояҳои амният, сулҳу субот, ҳамкорию ҳамдигарфаҳмиро дар кишвари худ, минтақаи Осиёи Марказӣ ва саросари ҷаҳон пуштибонӣ мекунанд, аз эътирофу эҳтиром ва иззату икроми махсус барӯрдоранд.
Корнамоии баназиру таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки дар давраи душвортарин сарварии давлатро ба ӯҳда гирифта, тавонистанд ҷанги шаҳрвандиро боздоранд, мақомоти дар оғози солҳои 90-ум фалаҷшудаи ҳокимияти давлатиро барқарор созанд, артиши миллӣ ва қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис диҳанд, гурезаҳоро ба Ватан баргардонанд, ваҳдати миллиро таъмин намоянд ва барои бунёди Тоҷикистони наву мустақил ва аз ҳар ҷиҳат пешрафта замина гузоранд.
Мавриди зикри хос аст, ки Пешвои муаззами миллат фаъолияти бунёдкоронаи худро дар нахустин солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ ҷиҳати рушди иқтисодиёти мамлакат ва беҳбуд бахшидани шароити зиндагии сокинони кишварамон маҳз аз сохтмони роҳу пулҳо сар кардаанд. Дар филми мустанади «Эмомалӣ Раҳмон – марде аз сарнавишт», ки тариқи шабакаҳои давлатии Телевизиони Тоҷикистон борҳо намоиш ёфтааст, чунин изҳори андеша карда мешавад: «Эмомалӣ Раҳмон дарк намуд, ки ягона роҳи наҷот аз ин вартаи ҳалокатбор роҳсозӣ аст. Бале, роҳ бояд сохт!».
Худи Ҷаноби Олӣ дар ин филм чунин мегӯянд:
«Як сабаби бадбахтӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандиии Тоҷикистон ҳам ҳамин буд: ҳар кас дар дараи худ, дар минтақаи худ... Ин як баҳонае буд ба маҳалҳо ҷудо шудан. Роҳҳо сохта мешаванд, мардум рафтуо мекунанд, дӯстӣ ва хешутаборӣ мешавад, одамон ба якдигар наздик мегарданд»
.
Бинобар ин бо ташаббус, дасгирӣ ва роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат дар солҳои соҳибистқлолӣ дар мамлакат даҳҳо лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд ва ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии «Чин – Тоҷикистон – Афғонистон» ва «Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо», инчунин, «Тоҷикистон – Чин – Покистон» истифода хоҳанд шуд.
Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 13 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодаанд.
Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари мо дар натиҷаи сарварии оқилона ва фидокоронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тавонист ба сатҳи нави тараққиёт барояд.
Мо барои он имрӯз аз ин ҳама бояд ёдовар шавем, ки корномаю ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли қариб 35 соли роҳбариашон Тоҷикистонро ба таври назаррас дигаргун намуда, мавриди эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтанд.
Имрӯз кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯи бесобиқа гашта, таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба дастуру китобҳои сиёсатшиносӣ таблил шудааст. Рушди кишвар, ободиву тинҷӣ ва сатҳи зиндагии мардуми мо хеле боло рафта, Тоҷикистон аз кишварҳои амнтарини дунё ҳисобида мешавад ва Душанбе ба пойтахти чорабиниҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Барои ҳамин мардуми кишварамон ҳамасола бо як ҷаҳон ифтихору сарфарозӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд.
Бори дигар ҳамаи Шуморо ба ифтихори ин ҷашни бузург табрику таҳният мегӯям ва бароятон умри дароз, саломатии бардавом ва саодату хушбахтӣ мехоҳам!
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Бознашр аз сомонаи
mintrans.tj
ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЛОГИСТИКИ
Меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо
Ширкатҳои нақлиётӣ
Ширкатҳои сайёҳӣ
Хаятт Ридженси Душанбе
Отель Таджикистан
Отель Роҳат
Гостиница Шератон Отель Фируз
Отель Фируз
Худжанд Делюкс
Отель Парламент
Отель Sakho-Kulob
Отель Вип Худжанд
Хаятт Отель Серена
Отель Заря
Asian Express
Рахш такси
Сомон такси
Такси Олуча
Сабоҳ такси
Модер Такси
Таджик Сафари Тур
Сарез Тревел
Памир Сентрал Азия
Горные приключения и путешествия по Таджикистану Ориент Адвентур
Ориент Адвентур
Альпинистско Туристическая база Артуч
Зурмич
Памир пикс
Ассоциация развития туризма Зерафшана
ООО «Джавохир»
Боми Ҷаҳон тур
Таджикистан Тревел
MARCO POLO
Ором Тревел
Олами Саёхат
Follow Tajikistan
Вип Тревел