6 октябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи соли 2026 баргузор гардид. Ҷаласа бо иштироки муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода, намояндагони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бозрасии давлатии автомобилӣ, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва ҳайати кормандони Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» баргузор гардида, аз ҷониби муовини директори муассиса – Ғуломзода Камол Ҳикмат натиҷаҳои фаъолияти муассиса дар давраи ҳисоботӣ ироа гардида, вазифаҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки муассиса дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт дар самти рушди нақлиёти автомобилӣ, рақамикунонии соҳа ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии нақлиётӣ як қатор тадбирҳоро амалӣ намуд.
Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда, нишондиҳандаҳои асосии ҳисоботи оморӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 105,3 то 111,4 фоиз таъмин гардида, фарогирии воситаҳои нақлиёт бо варақаҳои роҳхат ва борхат 110,2 фоиз афзоиш ёфт.
Айни ҳол аз 67 ҳазору 230 воситаи нақлиёти дар иқтисодиёт фаъолияткунанда, 62 ҳазору 810 адад бо варақаҳои роҳхат ва борхат фаро гирифта шудаанд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти муассиса рақамикунонии равандҳои хизматрасонӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, дар 180 корхонаи нақлиётии истифодаи умум барномаи рақамикунонии варақаҳои роҳхат ва борхат пурра татбиқ гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ инчунин 33 хатсайри нави мусофирбарӣ ташкил гардида, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар хатсайрҳои амалкунанда корҳои назоратӣ ва муоинавӣ гузаронида шуданд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва масъулияти касбии ронандагон дар самти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва одоби муошират бо мусофирон, дар ин давра 15 ҳазору 705 нафар ронанда дар курсҳои 20-соатаи омӯзишӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа барои давраи минбаъда як қатор вазифаҳои муҳим муайян гардиданд. Аз ҷумла, вусъат бахшидани раванди рақамикунонии соҳа, рушди минбаъдаи татбиқи роҳхати электронии ғайрикоғазӣ, такмили низоми ҳисоботи оморӣ, рушди низоми логистика, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии мусофирбарӣ ва густариши ҳамкорӣ бо корхонаҳои нақлиётӣ ва ғайринақлиётӣ аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардиданд.
Дар фарҷоми ҷаласа масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳои муайяншуда дастуру супоришҳои дахлдор гирифтанд.