ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

СОЛИ 2026 ГУЗАРИШ БА МАРҲИЛАИ ФАЪОЛИ ИСЛОҲОТ ОҒОЗ МЕЁБАД. Рушди логистика, хизматрасониҳои рақамӣ, технологияҳои «сабз» ва дастгирии брендҳои миллӣ

2026-08-28 11:06:44 | Диданд: 26

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №652 аз 26 ноябри соли 2025 Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шудааст.
Барномаи нав барои тағир додани муносибат ба содирот пешбинӣ шудааст, то кишвар аз молҳо ва хизматрасониҳои тайёр даромади бештар ба даст орад. Ин маънои онро дорад, ки ашёи хом дар дохили кишвар коркард ва маҳсулоти тайёр аз қабили либос, хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, таҷҳизоти барқӣ истеҳсол ва ба хориҷа бароварда шавад.
Бо ин мақсад, Барнома ислоҳоти фаъол, аз ҷумла рушди логистика, хизматрасониҳои рақамӣ, технологияҳои «сабз» ва дастгирии истеҳсолкунадагони ватанӣ ва брендҳои миллиро пешбинӣ мекунад. Дар натиҷа, содирот метавонад ба 4,5–4,8 миллиард доллар  зиёд шавад ва ҳиссаи маҳсулоти тайёр ба таври назаррас афзоиш ёбад. Иқтисод устувортар мешавад ва вобастагӣ аз воридот коҳиш меебад.
Барои фоиданоктар кардани содирот, таҳияи кластерҳои содиротӣ, яъне иттиҳодияҳои истеҳсолкунандагон, коркардкунандагон, ширкатҳои логистикӣ ва хизматрасониҳо ба нақша гирифта шудааст. Чунин кластерҳо дар саноати бофандагӣ, агротехникӣ, IT ва сайёҳӣ бо назардошти хусусиятҳои минтақаҳо ташкил карда мешаванд.
Инчунин рушди логистика – сохтмони марказҳои агрологӣ, навсозии нуқтаҳои гузариш ва беҳтар кардани инфрасохтори нақлиётӣ дар назар аст. Ин бояд хароҷот ва мӯҳлати интиқоли молу маҳсулотро ба хориҷи кишвар коҳиш диҳад.
Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20-уми декабри соли равон зимни суханрониашон дар нахустин саммити Муколамаи «Осиёи Марказӣ+Ҷопон» таъкид намуданд, ки такмили инфрасохтори роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, густариши робитаҳои ҳавоӣ ва  амалӣ сохтани  тадбирҳо вобаста ба рақамикунонии логистикӣ дар минтақа барои рушди тиҷорат, сармоягузорӣ ва иқтисод имкониятҳои мусоид фароҳам меорад. Сарвари давлат барои рушди ҳамлу нақли транзитии борҳо дар минтақаҳои наздисарҳадии Шимол ва Ҷануби кишвар пешниҳод намуданд, ки ҳам марказҳои логистикӣ ва ҳам маҷмааҳои агрологӣ бунёд карда шаванд.
Ин тадбирҳо, яъне таҷдиди терминалҳои наздисарҳадӣ, таъсиси марказҳои логистикии мултимодалӣ, марказҳои нақлиётӣ-логистикӣ, марказҳои агрологӣ ва тиҷоратӣ-логистикӣ дар марҳилаи дуюми Барномаи рушди системаи логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 пешбинӣ гардидаанд.
Тибқи Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати пурра ва самаранок иҷро намудани Барнома ва Нақшаи тадбирҳо оид ба татбиқи он  чораҳои мушаххас андешанд, инчунин ҳар сол то 1 феврал ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои татбиқи Барнома ва Нақшаи  тадбирҳо оид ба татбиқи он маълумот пешниҳод намоянд.


                                                                                                                                           Бознашр аз сомонаи mintrans.tj