Тоҷикӣ
Русский
English
Авторизоваться
Зарегистрироваться
ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст
Menu
Асосӣ
Муассиса
Таърих ва маълумот оиди муассиса
Сохтори муассиса
Роҳбарияти муассиса
Директор
Муовини аввал
Муовин
Муқовимат бо коррупсия
Муроҷиат ба муассиса
Раёсатҳо ва шӯъбаҳо
Маҷаллаи "Роҳ ва нақлиёт"
Шуъбаи танзими боркашонӣ, мусофирбарӣ ва омор
Шуъбаи рушди хизматрасониҳои логистикӣ,лоиҳаҳо ва равобити байналмилалӣ
Шуъбаи иттилоот ва коргузорӣ
Раёсати муҳосибот ва дурнамои иқтисодӣ
Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ
Раёсати назорат, танзим ва рушди фаъолият дар минтақаҳо
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар вилояти Суғд
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Кӯлоб
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Бохтар
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар ш. Душанбе ва НТМ
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи Рашт
Раёсати МД "НА ва ХЛ" дар минтақаи ВМКБ
ХАБАРҲО
Санадҳо
Кодекси нақлиёти автомобилии ҶТ
Қоидаи гузаронидани (тендер) хатсайрҳо
Қоидаи истифодаи роҳхат ва борхатҳо
Дастурамали истифодабарии борхатҳо
Хизматрасониҳо
Нархномаи муассиса
Замимаи мобилӣ
Тендерҳо (оид ба вобастакунии хатсайрҳо)
Эълони тендерҳо
Қоидаи гузаронидани тендер
Корти рақамии тахограф
Корхонаҳо
Ширкатҳои боркашони дохили Тоҷикистон
Ширкатҳои боркашони байналмилалӣ
ШИРКАТҲОИ ЛОГИСТИКӢ ВА ЭКСПЕДИТСИОНӢ
ХАТСАЙРҲОИ МУСОФИРБАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
ШИРКАТҲОИ МУСОФИРБАРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
ШИРКАТҲОИ МУСОФИРБАРИИ ДОХИЛИ ТОҶИКИСТОН
ХАТСАЙРҲОИ МУСОФИРБАРИ ДОХИЛИ ТОҶИКИСТОН
Лоиҳаҳо
БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТИИ СОҲАВӢ
МАВОДҲОИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ
ЛОИҲАҲО
Робитаҳои байналмилалӣ
Фаъолияти илмӣ
Тадқиқотҳои илмӣ
ОЗМУНҲО
ЧОРАБИНИҲО
МАҶАЛЛАИ “РОҲ ВА НАҚЛИЁТ”
Маълумоти умумӣ оиди маҷалла
Санадҳои вобаста ба маҷалла
Тартиби пешниҳоди мавод
Тамос
Previous
Next
Натиҷагирӣ аз фаъолияти Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар шаш моҳи аввали соли 2026
2026-07-08 11:17:17
|
Диданд: 25
Санаи 7 июли соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти муассиса дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Зимни ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти муассиса дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, вазифаҳои минбаъда ҷиҳати рушди соҳаи нақлиёти автомобилӣ, густариши хизматрасониҳои логистикӣ ва татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ муайян карда шуданд.
Таъкид гардид, ки Муассиса ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти идоракунии соҳаи нақлиёти автомобилӣ фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти муассиса татбиқи сиёсати давлатии рақамикунонӣ мебошад. Бо ин мақсад гурӯҳҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои омӯзишию фаҳмондадиҳиро оид ба ҷорӣ намудани барномаи рақамикунонии варақаҳои роҳхат ва борхат, такмили ҳисоботи оморӣ, омӯзиши Қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба роҳ монданд.
Дар натиҷа, то имрӯз барномаи рақамикунонии варақаҳои роҳхат ва борхат дар 235 корхонаи нақлиёти истифодаи умум татбиқ гардида, мутахассисони онҳо аз омӯзишҳои амалӣ гузаштаанд. Айни замон 179 корхона пурра бо низоми рақамии роҳхату борхат фаъолият доранд.
Қайд карда шуд, ки мутахассисони муассиса фаъолияти барномаи мазкурро пайваста назорат намуда, барои васеъ намудани доираи татбиқи он тадбирҳои иловагӣ амалӣ менамоянд.
Дар самти ташкили ҳамлу нақли мусофирон низ як қатор корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Айни ҳол муассиса фаъолияти 796 хатсайри шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва байнишаҳриро мутобиқи талаботи амалкунанда танзим намуда, тавассути баргузории озмунҳо хатсайрҳоро ба интиқолдиҳандагон вобаста мекунад.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 25 хатсайри нави мусофирбарӣ таъсис дода шуд. Барои ҳамаи онҳо шиноснома, нақша ва ҷадвали ҳаракат таҳия гардида, баъди мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби роҳбарияти муассиса тасдиқ карда шуданд.
Ба гуфтаи масъулин, ташкили хатсайрҳои нав ба беҳтар гардидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои нақлиётӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ мусоидат менамояд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои муассиса омӯзиши дарсҳои 20-соатаи Қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва одоби муошират бо мусофирон барои ронандагон ва кормандони соҳа идома дода шуда, ин иқдом ҳамчун яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани фарҳанги хизматрасонӣ арзёбӣ гардид.
Дар ҷаласа ба масъалаи рушди логистика ва густариши робитаҳои байналмилалӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Қайд карда шуд, ки мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2026, №217, Нақшаи амалии Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2028) тасдиқ гардидааст.
Ин санад барои рушди инфрасохтори логистикӣ, рақамикунонии хизматрасониҳо, баланд бардоштани рақобатпазирии низоми ҳамлу нақл, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитии минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар фарҷоми ҷаласа роҳбарияти муассиса ба масъулини сохторҳо ҷиҳати суръат бахшидан ба раванди рақамикунонӣ, такмили сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон ва иҷрои босифати барномаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» минбаъд низ фаъолияти худро барои татбиқи сиёсати давлатии соҳа, рушди низоми муосири нақлиёт ва логистика, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори иқтисодиёти кишвар идома хоҳад дод.
ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЛОГИСТИКИ
Меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо
Ширкатҳои нақлиётӣ
Ширкатҳои сайёҳӣ
Хаятт Ридженси Душанбе
Отель Таджикистан
Отель Роҳат
Гостиница Шератон Отель Фируз
Отель Фируз
Худжанд Делюкс
Отель Парламент
Отель Sakho-Kulob
Отель Вип Худжанд
Хаятт Отель Серена
Отель Заря
Asian Express
Рахш такси
Сомон такси
Такси Олуча
Сабоҳ такси
Модер Такси
Таджик Сафари Тур
Сарез Тревел
Памир Сентрал Азия
Горные приключения и путешествия по Таджикистану Ориент Адвентур
Ориент Адвентур
Альпинистско Туристическая база Артуч
Зурмич
Памир пикс
Ассоциация развития туризма Зерафшана
ООО «Джавохир»
Боми Ҷаҳон тур
Таджикистан Тревел
MARCO POLO
Ором Тревел
Олами Саёхат
Follow Tajikistan
Вип Тревел