ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

Маълумот оид ба рафти амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия

2026-06-24 11:43:33 | Диданд: 25

        Бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2026, №1145 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030)» ва фармоиши вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2026, №64 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030)», дар Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи мазкур барои соли 2026 таҳия гардида, бо фармоиши директори муассиса аз 13 апрели соли 2026, №63/2-И тасдиқ карда шудааст.
        Нақшаи чорабиниҳои мазкур аз 5 банд иборат буда, иҷрои онҳо тибқи муҳлатҳои муқарраргардида таъмин карда мешавад. Дар доираи татбиқи нақша корҳои фаҳмондадиҳӣ, чорабиниҳои омӯзишӣ ва тадбирҳои пешгирикунанда баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ роҳандозӣ гардидаанд.
        Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ҷиҳати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар самти муқовимат ба коррупсия, пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва баланд бардоштани масъулияти хизматии кормандон чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
        Бо ин мақсад, кормандони муассиса пайваста барои риояи талаботи қонунгузорӣ, меъёрҳои ахлоқи хизматчии давлатӣ ва худдорӣ намудан аз ҳар гуна амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ огоҳонида мешаванд.
Аз ҷумла, 8 июни соли 2026 дар назди директори муассиса ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои пешгирии коррупсия, таҳкими интизоми хизматӣ ва риояи қонунгузории зиддикоррупсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимни ҷаласа директори муассиса ба кормандон ҷиҳати тақвият бахшидани чораҳои пешгирикунанда, баланд бардоштани масъулияти шахсӣ ва риояи қатъии талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Корҳо дар самти амалисозии Нақшаи чорабиниҳо минбаъд низ мутобиқи муҳлатҳои пешбинишуда идома дода шуда, муассиса барои таъмини шаффофият, қонуният ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти коррупсионӣ тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад намуд.