ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКӢ» ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАҚЛИЁТИ ЗЕҲНӢ ДАР ШАҲРИ ГУАНЧЖОУ

2026-06-24 09:23:06 | Диданд: 27

        Рӯзи 24 июни соли 2026 дар шаҳри Гуанчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Конфронси ва маросими ифтитоҳи “Минтақаи Халиҷи бзург 20026  ва Намоишгоҳи инноватсионии нақлиёти зеҳнӣ” «2026 Greater Bay Area Smart Transportation Innovation Conference & Technology Expo»,  баргузор гардид дар он намояндагони Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» бо роҳбарии директори Муассиса Ашурзода Фарух дар иштирок доштанд.
        Чорабинии мазкур яке аз муҳимтарин ҳамоишҳои байналмилалӣ дар самти рушди нақлиёти зеҳнӣ ва технологияҳои муосири нақлиётӣ ба ҳисоб рафта, намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкатҳои пешсафи технологӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва коршиносони соҳаи нақлиётро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба ҳам овард.
        Дар кори Конфронс масоили рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳнии соҳаи нақлиёт, татбиқи навовариҳо дар идоракунии шабакаҳои роҳ, рақамикунонии хизматрасониҳои нақлиётӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи иттилоотӣ ва рушди инфрасохтори интеллектуалии нақлиётӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
        Иштирокчиёни чорабинӣ  бо таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ, таҳлили бузурги маълумот (Big Data), системаҳои интеллектуалии идоракунии ҳаракат, рақамикунонии роҳҳои автомобилгард ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи сохтмон, истифода ва нигоҳдории инфрасохтори нақлиётӣ шинос шуданд.
        Дар доираи баргузории Конфронс ҳайати Тоҷикистон дар як қатор ҷаласаҳои соҳавӣ иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба истифодаи технологияҳои муосир дар нигоҳдорӣ ва идоракунии роҳҳои автомобилгард, мониторинги рақамии инфрасохтори нақлиётӣ, сохтмони зеҳнии пулҳо ва иншооти муҳандисӣ, баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракат, рушди системаҳои рақамии логистикӣ ва ҷорӣ намудани хизматрасониҳои электронии нақлиётиро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор доданд.
        Ҳамзамон, иштирокчиён аз намоишгоҳи байналмилалии технологияҳои нақлиётӣ дидан намуда, бо навтарин дастовардҳо дар самти нақлиёти интеллектуалӣ, таҷҳизоти муосири назорати ҳаракат, системаҳои автоматии идоракунӣ, технологияҳои мониторинги роҳҳо ва ҳалли рақамии логистикӣ шинос гардиданд.
        Иштирок дар чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ барои омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ, табодули дониш ва таҷриба, рушди ҳамкориҳои касбӣ ва ҷалби технологияҳои нав ба соҳаи нақлиёт ва логистикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хос дорад.
        Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» минбаъд низ ҷиҳати омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи муосири байналмилалӣ, рушди рақамикунонии соҳа ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.