ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

ПАЙВАНДИ УСТУВОРИ НАҚЛИЁТӢ – РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИЁТ. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ЭСКАТО СММ дар Душанбе семинари миллӣ доир карданд

2026-06-03 11:35:41 | Диданд: 20

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва уқёнуси Ором (ЭСКАТО) дар Душанбе дар мавзӯи «Таҳкими робитаҳои байниҳамдигарии кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки ба баҳр роҳи баромад надоранд (кишварҳои маҳсур дар хушкӣ) тавассути рушди долонҳои устувори нақлиётӣ» семинари миллӣ доир намуданд.
Семинар 2-юми июн дар Китобхлонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он намояндагони Вазорати нақлиёт ва дигар вазорату идораҳои марбутаии кишвар, инчунин ЭСКАТО СММ ширкат варзиданд.  
Иштирокчиёни семинарро бо сухани муқаддимавӣ  Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами ва муовини Вазири нақлиёти ҶТ Шоиста Саидмуродзода шодбош гуфтанд.
Гуфта шуд, ки семинар дар доираи таҳқиқоти минтақавии ЭСКАТО  таҳти унвони «Суръатбахшии  фаъолияти дастаҷамъӣ дар давраи даҳсолаи сеюми Барномаи амал барои кишварҳои рӯ ба инкишоф, ки ба баҳр роҳи баромад надоранд (2024-2034) тавассути таҳкими алоқаи фаврӣ дар тӯли Шабакаи роҳҳои автомобилгарди Осиё ва пайвастшавии он» роҳандозӣ шудааст.
Таҳқиқот ҷанбаҳои асосии фаъолияти якҷояро дар долонҳои нақлиётӣ, аз ҷумла рушди устувори инфрасохтор, рақамисозӣ, технологияҳои зеҳнӣ ва равандҳои ҳамоҳангшудаи фаромарзӣ  миёни кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва  наздибаҳрӣ арзёбӣ мекунад. Натиҷаҳои таҳқиқот заминаи илмиро барои таҳияи системаҳои муассиртар, устувортар ва аз ҷиҳати экологӣ бехатар фароҳам меоранд.
Дар семинар Барномаи чаҳорчӯбаи минтақавӣ оид ба долонҳои устувори нақлиётӣ ҳамчун санади роҳнамои истифода шуд.
Семинар ба майдони табодули афкор байни роҳбарон ва намояндагони сохторҳои дахлдори Тоҷикистон табдил ёфт. Натиҷаҳои он  барои таҳлили минбаъдаи таҷрибаи миллӣ ва муайян сохтани тадбирҳои амалӣ ҷиҳати таҳкими ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи самараноки ташаббусҳо оид ба ташкили долонҳои устувори нақлиётӣ хизмат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025, дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Стратегияи рақамикунонии долонҳои нақлиётии мултимодалии давлатҳои иштирокчии ИДМ таҳия ва қабул карда шуд.
Ҳамчунин бо ташаббуси Тоҷикистон Созишнома дар бораи рушди ҳамбастагии нақлиёти заминӣ дар Осиеи Марказӣ таҳия ва ба имзо расид, ки депозитор ё  сащмгузори асосии он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ва, ниҳоят, дар иҷлосияи 82-юми ЭСКАТО, ки аз 20 то 24 апрели соли 2024 дар пойтахти Таиланд Бангкок баргузор гардид, ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – қатъномаи «Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи нақлиётӣ ва логистика барои рушди устувор дар минтақаи Осие ва уқёнуси Ором» қабул гардид.
Ин ташаббусҳо аз ҷидду ҷаҳди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи  рушди инфрасохтори нақлиётию логистикӣ ва тавсеаи ҳамбастагии нақлиётӣ, ки яке аз омилҳои рушди устувори иқтисодӣ мебошад,  далолат мекунанд.


                                                                                                                                           Бознашр аз сомонаи https://mintrans.tj