ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

МАНЪИ ҲАРАКАТИ МОШИНҲОИ ГАРОНВАЗН. Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт маҳдудиятҳои мавсимӣ ҷорӣ кард

2026-06-03 10:39:34 | Диданд: 18

Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард барои нақлиёти боркаш хабар дод.
Маҳдудиятҳои мавсимӣ дар ҳаракати мошинҳои боркаши калонҳаҷм ва вазнин дар роҳҳои асфалтпӯш дар шароити ҳарорати баланди ҳаво ҷорӣ карда шуданд ва аз 1 май то 31 августи соли 2026 амал мекунанд.
Тавре дар хабар гуфта мешавад, дар ин давра ҳангоми зиёда аз 25 дараҷа гарм будани харорати рӯзонаи ҳаво, ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо вазни зиёда аз 6 тонна дар роҳҳои автомобилгарди қабати болоияшон мумфарш аз соати 10:00 то 20:00 иҷозат дода намешавад. Чунин воситаҳои нақлиёт метавонад асосан шабона ҳаракат кунад.
Ин тадбир тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2011 № 569 «Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимӣ оид ба вазн ва сарборӣ ба меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумӣ» қабул гардида, ба ҳифзи пӯшиши роҳ аз харобшавӣ  бар асари ҳавои гарм равона шудааст. Дар вақти гарии ҳаво асфалт зери таъсири бори вазнин ба тағйири шакл (деформатсия) осебпазир мешавад.
Барои вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи ҷарима ба андозаи аз 50 то 70 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст, ки он аз 3 900 то 5 460 сомониро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2026», аз 1 январи соли ҷорӣ як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба андозаи 78 сомонӣ муқаррар карда шудааст.


                                                                                                                                           Бознашр аз сомонаи https://mintrans.tj