ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ - талаби замони муосир

2026-05-20 10:17:47 | Диданд: 37

      Дар шароити рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодию нақлиётӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони англисӣ, аҳамияти бештар касб намудааст. Имрӯз забони англисӣ ҳамчун яке аз забонҳои байналмилалии муошират дар соҳаҳои нақлиёт, логистика, иқтисодиёт ва технология мавқеи муҳим дорад.     
      Бо дарназардошти талаботи замони муосир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар паёму баромадҳояшон ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми соҳаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
      Бо ҳидоят ва ташаббусҳои Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва директори Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Фарух дар муассиса ҳар рӯзи душанбе, чоршанбе ва ҷумъа омӯзиши дарсҳои забони англисӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар он ҳамаи кормандон фаро гирифта шудаанд. Барои ба омӯзиш фаро гирифтани кормандон, омӯзгори ботаҷриба ва дорои малакаи васеи касбӣ ҷалб гардидааст.
      Роҳбарияти Муассиса барои фароҳам овардани шароити мусоид, ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ҳадафи асосии ташкили дарсҳои забони англисӣ ин баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи кормандон ва мутобиқ намудани онҳо ба талаботи бозори байналмилалии хизматрасониҳои нақлиётӣ ва логистикӣ мебошад.
      Дар доираи дарсҳои омӯзишӣ кормандон малакаҳои гуфтугӯ, хондан, навиштан ва фаҳмиши матнҳои соҳавиро аз худ мекунанд. Ҳамчунин, диққати махсус ба омӯзиши истилоҳоти марбут ба соҳаи нақлиёт, логистика ва ҳамлу нақли байналмилалӣ равона мегардад.
      Омӯзиши забони англисӣ барои баланд бардоштани сатҳи касбият ва рақобатпазирии мутахассисон аҳамияти калон дорад. Кормандоне, ки забонҳои хориҷиро медонанд, метавонанд дар татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ саҳми бештар гузоранд.
      Ёдовар бояд шуд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ қадамҳои устувор мегузорад. Дар чунин шароит мутахассисони соҳаи нақлиёт ва логистика бояд тавонанд бо намояндагони ширкатҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ муоширати озод анҷом диҳанд. Забони англисӣ ҳамчун забони байналмилалии тиҷорат ва технология имконият медиҳад, ки кормандон таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳониро омӯзанд ва дар татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок намоянд. Донистани забонҳои хориҷӣ имрӯз омили муҳими пешрафти касбӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.