ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

ДАР БАНГКОК ВОХӮРИИ ВАЗИРОНИ SPECA БАРГУЗОР ШУД. Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои иштирокчии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба 2,1 миллиард доллар расид

2026-04-28 09:47:13 | Диданд: 5

22 апрели соли 2026 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири нақлиёти мамлакат Азим Иброҳим дар мулоқоти вазирони кишварҳои иштирокчии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) ширкат варзид.

Ҳамоиши мазкур дар Бангкок, пойтахти Шоҳигарии Таиланд, дар доираи иҷлосияи  82-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) баргузор шуд.

Дар мулоқот ба зурурияти амалкарди ҳамоҳангкардашуда ҷиҳати ташкил ва роҳандозии системаҳои пойдор ва самараноки транзитӣ бо таъкид ба  ҳамгироии экологӣ ва рақамии роҳҳои савдо таваҷҷуҳи махсум зоҳир карда шуд. Мавзӯъҳои  муҳокимашуда бо талошҳои Тоҷикистон барои таҳкими инфрасохтори нақлиётӣ, алоқамандии нақлиётӣ, таҷдиди долонҳои нақлиётии минтақавӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар логистика ва ғайра ҳамоҳанг буданд.

Тазаккур дода шуд, ки ба туфайли сиёсати пайгирона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкории созандаи кишварҳои иштирокчии SPECA раванди устувори рушди ҳамкорӣ дар як қатор самтҳои афзалиятнок ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, рушди робитаҳои тиҷоратию нақлиётӣ, рақамикунонии мубодилаи маълумот дар доираи  долонҳои нақлиётии Транскаспий, густариши ҳамкории энергетикӣ ҳам дар минтақа ва ҳам берун аз он, инчунин пешбурди тиҷорати устувор, инноватсия ва принсипҳои иқтисодиёти   ҳалқавӣ номбар карда шуданд.

Алоҳида таъкид гардид, ки  тадбирҳо  дар доираи SPECA ба пешбурди ташаббусҳои глобалӣ ва минтақавии Тоҷикистон, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ва рушди зеҳни сунъӣ мусоидат мекунанд. Дар ин замина, иштирокчиёни мулоқот аз баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки 25-28 майи соли 2025 дар Душанбе баргузор мешавад, ҷонибдорӣ карданд.

Илова бар ин, зикр гардид, ки тибқи натиҷаҳои соли 2025 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  кишварҳои иштирокчии SPECA 2,1 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 ба анзозаи 80 миллион доллар ё 4 фоиз афзудааст.

Дар мулоқоти вазирони кишварҳои иштирокчии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА)  Изҳороти  муштарак қабул шуд.                      

МАЪЛУМОТНОМАИ МО

Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ё СПЕКА (United Nations Special Programme for The Economies of Central Asia, SPECA) 26 марти соли 1998 дар асоси Эъломияи Тошканд таъсис дода шудааст.

Мақсади асосии барнома мусоидат ба ҳамкории иқтисодӣ дар минтақаи СПЕКА ва ҳамгироии давлатҳои иштирокчӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ бо таваҷҷӯҳ ба расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мебошад.

Ба СПЕКА Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дохил мешаванд.

Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (КИА СММ) ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) якҷоя ба Барнома  кумаки умумӣ мерасонанд.


                                                                                                                                                        Бознашр аз сомонаи mintrans.tj