ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

Тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар рушди логистикаи Тоҷикистон

2026-04-17 17:51:14 | Диданд: 12

        Дар доираи татбиқи Барномаи байналмилалии EIPP 2025 - 2026, ҷиҳати пешбурди лоиҳаи сохтмони маркази логистикӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», як силсила чорабиниҳои муҳим дар Ҷумҳурии Корея баргузор гардиданд.
        Зикр ба ёдоварист, ки санаи 14 апрели соли 2026 дар шаҳри Сеул семинари муаррифии ҳисоботи мобайнӣ доир гардида, дар он раванди иҷрои лоиҳа ва натиҷаҳои таҳқиқоти анҷомёфта баррасӣ шуданд.  Дар ҷараёни семинар мутахассисон масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла таҳлили иқтисодӣ ва молиявии лоиҳа, омӯзиши бозори хизматрасониҳои логистикӣ, арзёбии хавфҳо, таҳияи тарҳи ибтидоии марказ ва роҳҳои ҷалби сармоягузории хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд.
        Дар чорабинии мазкур намояндагони сохторҳои калидии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва дигар идораҳои дахлдор иштирок намуданд. Ҳамзамон, аз ҷониби шарикони байналмилалӣ намояндагони Бонки содиротию воридотии Корея (K-EXIM), ширкати консалтингии PwC Samil Accounting Firm, инчунин ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва логистикии Ҷумҳурии Корея ҳузур доштанд.
        Ҳамчунин, аз 13 то 19 апрели соли 2026 ҳайати 8-нафараи намояндагони Тоҷикистон дар як барномаи омӯзишӣ ва таҷрибавӣ иштирок намуданд. Дар доираи ин сафар онҳо аз марказҳои пешрафтаи логистикӣ, терминалҳои муосир ва инфрасохтори нақлиётии Корея боздид карда, бо таҷрибаи ҷаҳонӣ дар самти идоракунӣ, рақамисозӣ ва ташкили занҷираи таъминот аз наздик шинос шуданд .
        Илова бар ин, вохӯриҳои мустақим бо ширкатҳои байналмилалии логистикӣ баргузор гардида, имкониятҳои ҳамкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.
        Баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва таҷрибаи мутахассисон, ворид намудани технологияҳои муосир ва татбиқи стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи логистика заминаи мусоид фароҳам меорад.
        Бояд зикр намуд, ки татбиқи ин лоиҳа барои рушди инфрасохтори логистикӣ, тақвияти иқтидори транзитии кишвар ва афзоиши имкониятҳои содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.