ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

КОРРУПСИЯ - ЗУҲУРОТИ МАНФУРИ ҶОМЕА

2026-04-16 13:12:31 | Диданд: 14

        Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза ба зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. 
Эмомалӣ Раҳмон
        Дар ҷаҳони муосир дар қатори дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин, масъалаи дигари мубрам ва доғи рӯз ин фасод ё худ коррупсия мебошад. Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, ба иқтисодиёт, идоракунии давлатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамчунин, эътимоди мардумро ба ҳукумат ва давлат коҳиш медиҳад.
        Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф сохта, ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам оварда ба пояи ахлоқ зарба мезанад. Ҳукумати кишвар низ коррупсияро яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа ва унсури таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди иҷтимоию иқтисодии давлат арзёбӣ намудааст. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад. 
        Коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст. Набояд фаромӯш сохт, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, он ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад. Фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат бар зидди он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст.
        Барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад». Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, барои пешгирӣ аз ин вабои аср тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Бо мақсади мустаҳкам намудани сиёсати зиддикоррупсионӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии мубориза бо коррупсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд.
        Нақши воситаҳои ахбори омма дар мубориза бо коррупсия хеле муҳим аст. Рӯзноманигорон тавассути таҳқиқот ва гузоришҳои худ метавонанд ҳолатҳои коррупсияро ошкор намуда, диққати ҷомеаро ба ин масъала ҷалб кунанд. Ахбори омма ҳамчун воситаи таъсиррасон ба афкори умум метавонад ба баланд бардоштани сатҳи масъулияти мансабдорон ва шаффофияти фаъолияти онҳо мусоидат намояд.
        Омили дигари муҳим тарбияи ахлоқӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионӣ мебошад. Аз синни хурдӣ бояд дар зеҳни ҷавонон арзишҳои ростқавлӣ, адолат ва масъулиятшиносӣ ташаккул дода шаванд. Оила, мактаб ва ҷомеа дар ин самт нақши калидӣ доранд. Агар ҳар як шаҳрванд дар амалия ба ин арзишҳо пойбанд бошад, сатҳи коррупсия ба таври назаррас коҳиш хоҳад ёфт.
        Ҳамчунин, ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо коррупсия аҳамияти хоса дорад. Имрӯз бисёр кишварҳо таҷрибаи пешқадамро мубодила намуда, барномаҳои муштаракро амалӣ месозанд. Истифодаи чунин таҷрибаҳо метавонад ба такмили низоми миллӣ ва баланд бардоштани самаранокии чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ мусоидат намояд.
        Бо ҳамин мақсад, зарур аст, ки ҳамкориҳо дар ин самт тақвият бахшида, ҷиҳати ба вуҷуд овардани фазои умумии тоқатнопазирӣ нисбат ба зуҳуроти коррупсия, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии зиддикоррупсионии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, махсусан, дар байни ҷавонон баргузории корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ аҳаммияти махсус дорад. Чунин муносибат метавонад боиси боз ҳам баланд гардидани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон шуда, назари онҳоро нисбат ба коррупсия ҳамчун падидаи номатлуби ҷамъиятӣ ба куллӣ тағйир диҳад, то ки онҳо ҳуқуқу манфиатҳояшонро дар доираи қонунгузорӣ ҳимоя намоянд.