Ҳукумати ҶТ Барномаи давлатии рушди маҷмаъаи нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2026-2030 қабул намуд. Қарори ҳукуматро дар ин бора аз 26 феврали соли 2026 таҳти №74 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо карданд.
Санади мазкур, ки лоиҳаи он аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст, ба навсозии васеи инфрасохтори нақлиётии кишвар ва табдил додани Тоҷикистон ба маркази комили транзитии минтақа равона шудааст. Дар он чунин афзалиятҳои асосии рушди соҳаи роҳу нақлиёт номбар карда шудаанд:
- сохтмон ва таҷдиди 700 километр роҳҳо;
- рушди шабакаи роҳи оҳан;
- таъсиси марказҳои муосири логистикӣ;
- татбиқи қарорҳои рақамӣ.
Дар барнома ба табдили рақамии соҳа диққати махсус дода мешавад. Зикр карда шудааст ки феълан платформаи ягонаи идоракунии системаҳои нақлиётӣ, инчунин системаҳои GPS-мониторинги нақлиёт ҷорӣ карда мешаванд.
Интизор меравад, ки рақамикунонии минбаъда чунин самар хоҳад дод:
- афзоиши шаффофияти хизматрасонӣ;
- коҳиши иқтисоди пинҳонӣ;
- ривоҷи равандҳои логистикӣ;
- кам шудани хатарҳои коррупсионӣ.
Барнома имкон медиҳад, ки то соли 2030 нишондиҳандаҳои асосӣ ба таври назаррас, аз ҷумла боркашонӣ то 126,8%; гардиши бор то 128,5%; интиқоли мусофиронто 128,5%; рушди нақлиёти барқӣ то 124,7% афзоиш дода шаванд.
Ғайр аз ин, коҳиши арзиши ҳамлу нақл, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва рақамисозии соҳа, аз ҷумла мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ бо шарикони тиҷоратӣ пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи ҳуҷҷат, манбаъҳои маблағгузории барнома чунин тақсим карда мешаванд:
- буҷети давлатӣ – 189,5 миллион сомонӣ;
- шарикони рушд (сармоягузорони байналмилалӣ) – 16,51 миллиард сомонӣ;
- бахши хусусӣ – 2,48 миллиард сомонӣ.
Ҳамзамон қисмате аз иштироки буҷетӣ дар шакли имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ амалӣ карда мешавад.
Тибқи қарори Ҳукумати ҶТ ба вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо супориш дода шудааст, ки татбиқи Барномаи мазкур ва Нақшаи тадбирҳои онро таъмин намуда, ҳар сол то 1 феврал ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардидааст, ки ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рафти татбиқи Барномаи мазкур ва Нақшаи тадбирҳои он маълумот пешниҳод намояд.
Ёдовар мешавем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла дар доираи татбиқи Барномаи қаблии мақсадноки давлатии рушди маҷмаъаи нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 1 апрели соли 2011 бо рақами 165 тасдиқ шуда буд, дар кишвар 2407,8 км роҳҳо, 274 адад пул, 2 чорроҳаи сеқабата ва 2 дуқабата, 7 нақби нақлиётӣ сохта ва таъмир карда шуданд. Дар маҷмӯъ, дар ин давра дар бахши нақлиёти кишвар 58 лоиҳа бо арзиши умумии беш аз 2,2 миллиард доллар амалӣ карда шуд.
Бознашр аз сомонаи mintrans.tj