ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКӢ»

2026-04-09 16:48:05 | Диданд: 6

        Санаи 9-уми апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» - и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти Муассиса дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ гузаронида шуд. Дар кори он, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим, директори Муассиса Ашӯрзода Фарух, намояндагони дигар вазорату идораҳо, муовинони директор, сардорони раёсату шуъбаҳо ва дигар кормандони Муассиса иштирок карданд.
        Ҷаласаро директори Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» Фарух Ашурзода оғоз карда, иброз дошт, ки муассиса ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар идоракунии соҳаи нақлиёти автомобилии ҷумҳурӣ, фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу дастурҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи нақлиёти автомобилӣ ба роҳ мондааст.
        Дар ҷараёни ҷаласа муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» Ҷаҳонгир Пиров суханронӣ карда, натиҷаҳои фаъолияти муассисаро дар семоҳаи якуми соли 2026 таҳлил намуд. Ӯ, ҳамчунин, иброз дошт, ки роҷеъ ба натиҷаҳои бадастомада ва мутобиқи Нақшаи кории муассиса гурӯҳҳои корӣ бо иштироки роҳбарият, сардорони раёсат ва шуъбаҳои дахлдори муассиса, ҷиҳати вусъат бахшидани раванди рақамикунонии варақаҳои роҳхат ва борхат, беҳтар намудани ҳисоботи омории нишондиҳандаҳои асосии соҳаи нақлиёти автомобилӣ, омӯзиши дарсҳои 20-соатаи Қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва одоби муошират бо мусофирон ва ҳалли дигар масъалаҳои ҷойдошта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои омӯзишӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. 
        Баъди пешниҳоди ҳисобот ва таҳлили фаъолияти Муассиса дар соли сипаригардида, дар суханронии худ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим аз натиҷаҳои фаъолияти Муассиса изҳори қаноатмандӣ намуда, фаъолияти муассисаро нисбат ба солҳои қабл ва давраи семоҳаи якуми соли гузашта беҳтар арзёбӣ карданд. Барои дар оянда хубтару беҳтар фаъолият намудан чандин пешниҳодҳои хубу сарвақти иброз доштанд. Дар баробари ин, таъкид доштанд, ки ҷиҳати дар оянда хубтар ба роҳ мондани фаъолият кормандони Муассиса бо дасту дили пок ва рӯҳияи болидаи корӣ ва ифтихор аз Ватандӯстӣ дар иҷрои уҳдадориҳои худ талош кунанд.