Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим 4 апрел ба вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод ва аз маҳали сохтмони қитъаҳои роҳи автомобилгарди «Данғара – Гулистон» ва «Гулистон – Фархор» боздид намуд.
Дар ҷараёни шиносоӣ бо рафти бунёди роҳи «Данғара – Гулистон», ки он аввалин лоиҳа дар ин минтақа дар доираи барномаи «Долони сабз» арзёбӣ мешавад, ба баъзе ҷанбаҳои муҳандисии корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Аз ҷумла, баъд аз баромадан аз шаҳраки Данғара дар баъзе мавзеҳо зарурияти тахлия ё поксозии қабати замин аз обҳои ҷамъшуда бо мақсади пешгирии намнокӣ, нигоҳ доштани устувории пӯшиши роҳ ва иншооти ёрирасон, таъмини истифодаи бехатари онҳо таъкид карда шуд. Дар ин бора Вазири нақлиёт ба сохтмончиён дастурҳои мушаххас дод.
Бояд гуфт, ки роҳи мазкур солҳои 30-юми асри гузашта бунёд ва солҳои 70-ум таҷдид шудааст. Роҳи «Данғара – Гулистон» бо дарозии 50 километр бо дастгирии молиявии Бонки Осиёии рушд (БОР) ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар доираи барномаи намоишии «Долони сабз» азнавсозӣ карда мешавад. Дар ин бора 24 феврали соли 2025 байни фаромишгари лоиҳа – Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ – ширкати роҳсозии «Hunan Road and Bridge Construction Group Co. Ltd»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин қарордод ба имзо расида буд.
Мавриди зикр аст, ки чунин роҳҳо тибқи Дастури БОР ҷиҳати бунёди «роҳҳои сабз», ки дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии роҳҳо ва Metameta Research (Нидерландия) таҳия гардидааст, сохта мешаванд.
Вазири нақлиёти ҶТ ҷараёни татбиқи лоиҳаи бунёди қитъаи роҳи «Гулистон – Фархор»-ро низ аз назар гузаронид. Зикр карда шуд, ки сарфи назар аз шароити мураккаби вобаста ба хусусиятҳои геологии маҳалҳои зикршуда (аз ҷумла, намуди хок), ки ба бехатарӣ, устуворӣ ва самаранокии лоиҳа таъсир мерасонанд, корҳои сохтмонӣ фаъолона ва бо маром пеш бурда мешаванд.
Вазири нақлиёт таъкид намуд, ки ҳамаи корҳоро мебояд дар муҳлатҳои муқарраргашта ва бо сатҳу сифати баланд, тибқи меъёрҳои шартномаи пудратӣ ба иҷро расонид.
Ёдовар мешавем, ки соли 2026 дар Тоҷикистон сохтмону навсозии 300 километр роҳҳои мошингарди байналмилалию ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 3 миллиард сомонӣ оғоз мегардад. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли 2025 зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки роҳҳои «Ваҳдат – Обигарм» ба масофаи 70 километр, «Гулистон–Кӯлоб»( 33 километр), «Хоруғ – Роштқалъа» (39 километр), «Мурғоб – Кулма» (67 километр), «Балҷувон – Сари Хосор» (55 километр), «Хистеварз – Конибодом» (10 километр), мнчунин 11 километр роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб ва 5 пули мошингард дар роҳи «Лаби Ҷар – Сангвор» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Сарвари давлат илова намуданд, ки айни замон бунёди 50 километр роҳи «Данғара – Гулистон», 33 километр роҳи «Гулистон – Фархор» ва 12 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ идома дорад.
Бознашр аз сомонаи mintrans.tj