1 апрел дар шаҳри Санкт-Петербург (Русия) аввалин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ (ФБНЛ) ба кори худ шурӯъ кард. Мавзӯи асосии форум «Ҳамбастагии нақлиётӣ ҳамчун асоси тартиботи нави ҷаҳонӣ: аз рақобати глобалӣ ба амнияти умумӣ» эълон гардид. Ҳамоиши мазкур ба сифати майдони нави муколамаи глобалӣ дар бораи рушди системаи нақлиёти ҷаҳонӣ дар даврони тағйироти геополитикӣ пешбинӣ шудааст.
Форум муовинони сарвазир, вазирон, муовинони вазирон, роҳбарон ва намояндагони мақомоти нақлиётӣ ва муаассисаҳои логистикӣ, мутахассисон ва коршиносон – дар маҷмуъ қариб панҷ ҳазор меҳмононро аз 60 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла аз Беларус, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Чин, Ҳиндустон, давлатҳои Осиё, Африқо ва ҷаҳони Араб ба ҳам овард.
Ба ҳайати Тоҷикистон, ки онро муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода роҳбарӣ мекунад, Директори МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» Фаррух Ашӯрзода ва Сардори КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасониҳои соҳаи нақлиёт» - и Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти ҶТ Сайфиддин Саидзода низ шомиланд.
1 апрел дар толори конгрессҳои Санкт- Петербург мубоҳисоти умумӣ – расми тантанавии форум дар мавзӯи «Долонҳои нақлиётии ҷаҳонӣ: ҳамгироӣ ва логистикаи бефосила» баргузор шуд.
«Ин соҳаҳои калидии иқтисоди ҷаҳонӣ (манзур:нақлиёт ва логистика) ҳоло тағйироти амиқро аз сар мегузаронанд ва бо мушкилоти ҷиддии геополитикӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Аз ин рӯ, ҳамоиши мазкур ва гуфтугӯ дар ин мавзуъ, қарорҳои пешниҳодкардаи шумо аҳамият ва моҳияти махсус пайдо мекунанд», – изҳор дошт Президенти Русия Владимир Путин дар муроҷиати видеоӣ ба созмондиҳандагон ва ширкаткунандагони форум. Ба гуфтаи ӯ, «ҳодисаҳои Эрон аллакай ба бозорҳои энергетикӣ ва интиқоли нафту газ тавассути гулӯгоҳи Ҳурмуз таъсири мустақим гузоштанд. Торафт шумораи бештари давлатҳо ва ширкатҳо на танҳо дар бораи суръат ва арзиши ҳамлу нақл фикр мекунанд: бехатарӣ ва устувории хатсайрҳои нақлиётӣ ва занҷирҳои логистикие, ки ба бӯҳронҳо, даргириҳои низомӣ ва дигар хатарҳои беруна камтар осебпазиранд, омили ҳалкунанда гардидаанд».
Путин инқилоби технологӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика, истифодаи афзояндаи маҳсулоти рақамӣ дар асоси зеҳни сунъиро боз як масъалаи муборами рӯз номид. «Равандҳои рухдодаро мо бояд, бешубҳа, ба ннобат гирем ва даҳсолаҳо пешро нигоҳ кунем. Сухан дар бораи рушди долонҳои муҳими логистикӣ дар сатҳи сифатан нави технологӣ ва ҷорӣ кардани намудҳои пешрафтаи нақлиёт меравад».
Муовини Сарвазири Руси Виталий Савелйев зимни суханронии худ дар бораи он нақл кард, ки чӣ гуна кишвараш инфрасохтори панҷ долони калидии байналмилалиро рушд медиҳад. Ӯ, аз ҷумла, долонҳои «Шимол – Ҷануб», «Азов – Баҳри сиёҳ», самтҳои шимолу ғарбӣ ва шарқӣ, Роҳи баҳрии шимолиро ьном бурд.
Муовини дигари Сарвазири Русия Дмитрий Чернишенко ба масъалаи таъмини кадрҳои соҳаи нақлиёт таваҷҷӯҳ зоҳир кард.
Вазири нақлиёти Федератсияи Русия Андрей Никитин самтҳои асосии рушди соҳаро дар ин кишвар бозгӯ ва диққати асосиро ба зарурияти рафъи маҳдудиятҳои инфрасохторӣ, рақамисозӣ ва васеъ кардани ҳамкории байналмилалӣ равона кард.
Муовини Вазири нақлиёти ҶМЧ Чэнгуан Сюй гуфт, ки дар тӯли 40 сол дар Чин барномаи ислоҳот ва шаффофият амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он инфрасохтори пурқувват дар соҳаи нақлиёт ва логистика таъсис дода шудааст. «Дар доираи нақшаи рушд барои панҷ соли оянда дар Чин тадбирҳои миқёсан васеъ оид ба тағир додани системаи миллии нақлиет ва беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудаанд. Мо чолишҳои имрӯзаро ҳамчун имконият барои диверсификатсияи савдо ва логистика мешуморем», – изҳор дошт ӯ.
Вазири нақлиёт ва логистикаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ (ШАС) Солеҳ бин Носир ал-Ҷассер хабар дод, ки стратегияи нақлиётии ШАС ба табдил додани кишвар ба маркази логистикии ҷаҳонӣ равона шудааст.
Вазири энергетика ва инфрасохтори Амороти Муттаҳидаи Араб Суҳайл Муҳаммад ал-Мазруӣ гуфт, ки кишвараш тасмим гирифтааст, ки ба рушди инфрасохтори роҳи оҳан сармоягузорӣ кунад. Ҳамчунин корҳо оид ба муттаҳид кардани шабакаи роҳи оҳан бо Умон идома доранд, ки имкониятҳои нави интиқоли бор ба Африқо ва Осиёро фароҳам меорад. «Осиёи Марказӣ низ як бозигари калидӣ мешавад ва мо ба инфрасохтори ин минтақа сармоягузорӣ карда, Чинро тавассути Русия ва Ховари Миёна бо иқтисоди ҷаҳонӣ пайваст месозем», – иброз намуд ӯ.
Вазири нақлиёт, рушди инфрасохтор ва роҳҳои деҳоти Ҷумҳурии Того Эдем Коку Тенге изҳор дошт, ки бояд дурнамои Африқоро дар заминаи тағйири хатсайрҳои баҳрӣ ба назар гирифт. Ба гуфтаи ӯ, вазъияти атрофи канали Суэтс ва гулӯгоҳи Ҳурмуз барои Африқои Ғарбӣ имкониятҳои нав фароҳам меоранд. Аз ҷумла, Ломе – бузургтарин бандари контейнерии минтақаи Сахар, ҳар сол тақрибан 30 миллион тонна маҳссулотро коркард мекунад ва аҳамияти бузурги минтақавӣ дорад.
Вазири нақлиёти Узбекистон Илҳом Махкамов ба ҳозирин дар бораи тадбирҳои дар соҳаи рақамикунонии соҳаи нақлиёти кишвараш гузаронидашуда маълумот дод. «Мо, кишварҳои Осиёи Марказӣ як фазои ягонаи нақлиётӣ эҷод карда истодаем, аз ҷумла метавонем ҳуҷҷатгузории рақамии нақлиётро ҷорӣ кунем, ки имкон медиҳад ба ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути қаламрави минтақаи мо суръат бахшида шавад», – таъкид кард ӯ.
«Тоҷикистон таърихан дар масирҳои Роҳи Бузурги Абрешим қарор дошт ва пайвандгари Шарқ ва Ғарб буд. Имрӯз кишвар сиёсати эҳеи онро тавассути рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва ҳамгироӣ ба занҷираҳои ҷаҳонии таъминот амалӣ мекунад», – гуфт муовини Вазири нақлиёти ҶТ Шоиста Саидмуродзода дар ҷаласаи Машварати ҳамоҳангсозии нақлиётии давлатҳои аъзои ИДМ, ки 1 апрел дар толори конгрессҳои Санкт-Петербург, дар доираи Форуми якуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ баргузор шуд.
Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти вазъи кунунии геополитикӣ, қаламрави Тоҷикистон метавонад ҳамчун маркази транзитӣ, ки кишварҳои ИДМ-ро бо давлатҳои сеюм мепайвандад, самаранок истифода шавад. Ҳамчун долонҳои ҷойгузин (алтернативӣ) хатсайрҳои зерин баррасӣ карда мешаванд: «Покистон – Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Қазоқистон – Русия»; долони мултимодалии «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия»; «Чин – Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон».
«Афзалияти ин долонҳо таъмини кӯтоҳтарин хатсайрҳои нақлиётӣ бо хароҷоти ҳадди ақали логистикӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии иқтидори транзитии минтақа ва ҳамгироӣ ба шабакаҳои байналмилалии нақлиётӣ мебошад», - таъкид кард ӯ.
Шоиста Саидмуродзода зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати рӯ ба тараққӣ ва бидуни дастрасии мустақим ба бандарҳои баҳрӣ пайваста сиёсати рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикиро амалӣ менамояд. Табдил додани кишвар ба як маркази транзитии рақобатпазир, ки иштироки самаранокро дар долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва мустаҳкам кардани робитаҳои байнисарҳадии нақлиётӣ таъмин мекунад, аз самтҳои стратегии рушди кишвар арзёбӣ шудааст.
Муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар чанд соли охир 63 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҳаҷми умумии 2,672 миллиард доллари ИМА амалӣ гардидаанд. Дар натиҷа, қариб 3200 км роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ 11 нақби автомобилгард, инчунин 219 км хатҳои роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуданд. Натиҷаҳои бадастомада ба баланд бардоштани алоқаи нақлиётӣ ва сифати инфрасохтори роҳ мусоидат карданд, ки дар навбати худ ба мавқеи кишвар дар раддабандиҳои байналмилалӣ таъсири мусбат расонд. Аз ҷумла, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, Тоҷикистон мавқеи худро дар раддабандии кишварҳо оид ба сифати роҳҳои автомобилгард беҳтар намуда, 6 зина боло рафт ва дар байни 165 давлат дар ҷои 44-умро соҳиб гардид.
Айни замон дар Тоҷикистон татбиқи 16 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҳаҷми умумии 1,219 миллиард доллари ИМА, ки ба сохтмон, таҷдид ва барқарорсозии роҳҳои автомобилгард равона шудаанд, идома дорад. Ин лоиҳаҳо ба навсозии инфрасохтори нақлиётӣ ва баланд бардоштани қобилияти гузариши долонҳои байналмилалии нақлиётӣ равона карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми якуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ, ки дар он беш аз 50 ҳамоиш (сессияҳои стратегӣ, мизҳои мудаввар, маҷлисҳои умумӣ, муҳокимаҳои панелӣ) ба нақша гирифта шуда буд, корашро имрӯз, 3 апрел ба анҷом мерасонад.
Бознашр аз сомонаи mintrans.tj