20 феврали соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (МУ СММ) таъсиси Гурӯҳи мустақили байналмилалии илмӣ оид ба зеҳни сунъиро (Independent International Scientific panel on Artificial Intelligence) таъйид кард. Дар ин бора пойгоҳи иттилоотии Forbes хабар медиҳад.
Гурӯҳи байналмилалии илмӣ тибқи қатъномаи A/RES/79/325 аз 26 августи соли 2025 таъсис дода шудааст, ки панҷумин қатъномаи МУ СММ оид ба зеҳни сунъӣ мебошад. 117 кишвар қарори таъсиси гурӯҳи мазкурро, ки аз 40 аъзо иборат аст, дастгирӣ карданд. Мӯҳлати ваколати аъзои гуруҳ се сол аст.
Аз нуқтаи назари фаъолияти СММ, мақоми нав барои арзёбии таъсир ва хатарҳои зеҳни сунъӣ (ЗС) тавассути ҳисоботи мунтазами илмӣ пешбинӣ шудааст, он мақоми шартномавӣ нест ва қоидаҳои ҳатмиро муқаррар намекунад. «Илм маълумот медиҳад, аммо қарорҳо аз ҷониби одамон қабул карда мешаванд. Ин танҳо шиор нест, ҳадафи мо ин аст, ки назорати инсонро ба воқеияти техникӣ табдил диҳем», – изҳор дошт Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар саммити ҷаҳонӣ оид ба ЗС (AI Impact Summit 2026), ки аз 16 то 21 феврали соли 2026 дар Ҳиндустон баргузор шуд.
Гутерриш инчунин ба «шӯру ғавғои камтар, тарси камтар ва далелҳои бештар» дар ин мавзӯъ даъват кард.
Гуфта мешавад, ки гурӯҳ фавран ба кор шурӯъ мекунад. Нахустин гузориши он то моҳи июли соли 2026 манзур карда мешавад. Испания пешниҳод намуд, ки аввалин мулоқоти рӯ ба рӯ бо коршиносон баргузор карда шавад.
Қобили зикр аст, ки қарор дар бораи таъсиси Гурӯҳи байналмилалии илмӣ оид ба ЗС идомаи мантиқии тадбирҳои МУ СММ дар ин самт, аз ҷумла қабули қатъномаи пешниҳоднамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2025 таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ (ЗС;AI) дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» мебошад, ки қатъномаи чоруми МУ СММ оид ба зеҳни сунъӣ буд.
Ташаббуси мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми МУ СММ, ки дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк 24 сентябри соли 2024 баргузор шуда буд, пешниҳод гардид.
Дар қатъномаи СММ, ки аз ҷониби Тоҷикистон таҳия шудааст, таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе, пешбурди барномаҳои муштараки омӯзиши мутахассисони ЗС ва дастгирии стартапҳо дар соҳаи ЗС байни поркҳои технологӣ, инчунин ба роҳ андхтани лоиҳаҳои илмию тадқиқотӣ бо истифодаи ЗС байни донишгоҳҳо, муҳаққиқон ва лабораторияҳои рақамии минтақа пешбинӣ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2019 Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи сентябри соли 2022 Стратегияи Миллии рушди зеҳни сунъӣ дар ҶТ – ро барои давраи то соли 2040 тасдиқ намуданд. Ин Тоҷикистонро аввалин кишвари Осиёи Марказӣ гардонид, ки консепсия ва стратегияи рушди AI-ро дар сатҳи миллӣ таҳия ва расман қабул кард.
29 октябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар заминаи Вазорати нақлиёти кишвар КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» - ро, ки барои ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ дар фаъолияти вазорат ва корхонаву муассисаҳои тобеи он пешбинӣ шудааст, ба истифода доданд.
8 январи соли 2025 Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармони рақами 911-ро имзо карданд, ки тибқи он солҳои 2025-2030 дар кишвар «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шуданд.
7 апрели соли 2025 IT-Park ё Порки иттилоотию технологии шаҳри Душанбе расман ба фаъолият оғоз кард ва аввалин маркази комили инноватсионии кишвар барои рушди зеҳни сунъӣ гардид. Дар расми ифтитoҳи он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлияи Олии ҶТ, Раиси шаҳри Душанб муҳтарам Рустами Эмомалӣ ширкат намуданд. Вазифаи асосии IT-парк мусоидат ба рушди иқтисоди рақамӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи шаҳрвадони дар соҳаи IT машғулбуда мебошад. Моҳи марти соли 2026 ба КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти ҶТ мақоми резиденти (истифодабарандаи имтиёздори ) IT-Park дода шуд.
Моҳи августи соли 2025 Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байнисоҳавиро оид ба танзими зеҳни сунъӣ таъсис дод. Комиссия татбиқи сиёсати миллиро дар соҳаи AI ва технологияҳои рақамӣ ҳамоҳанг ва ба татбиқи самараноки Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар давраи то соли 2040 мусоидат мекунад.
Мавриди зикр аст, ки, Стратегияи рушди AI барои марҳилаҳо пешбинӣ шудааст. Ҳоло мо ба анҷоми панҷсолаи аввал — соли 2027 наздик мешавем. Мақсади асосӣ дар ин марҳила ба даст овардани фоидаи иқтисодӣ дар ҳаҷми 1% ММД тавассути истифодаи технологияҳои AI мебошад. То соли 2040 ин рақам бояд то 5% афзоиш ёбад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони мамлакат, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, сарвари давлат як қатор афзалиятҳои асосии рушди кишварро барои соли 2026 таъйин намуданд, ки рушди босуръати технологияҳои рақамӣ яке аз онҳост.
10 марти соли 2026 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи таъсиси муассисаи нави назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон – Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ имзо карданд.
Ва ҳамагӣ чанд рӯз пеш, Тоҷикистон расман ба талошҳои байналмилалӣ оид ба мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ ҳамроҳ шуд – ҷумҳурии мо 17 марти соли 2026 дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк Конвенсияи дахлдори СММ-ро имзо кард. Дар ин бора Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад. Зери санади мазкур аз номи кишвари мо Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СММ Ҷонибек Ҳикмат имзо гузошт. Конвенсияи СММ алайҳи ҷиноятҳои киберӣ ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар муқовимат ба ҷиноятҳои бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ содиршуда равона шудааст. Ҳуҷҷат инчунин рушди механизмҳои мубодилаи далелҳои электрониро дар парвандаҳои ҷиноятҳои ҷиддӣ пешбинӣ мекунад.
МАЪЛУМОТНОМАИ МО
Ҳамаи қатъномаҳои қабулкардаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба зеҳни сунъӣ:
1. «Истифодаи қобилиятҳои системаҳои зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшаванда ва боэътимод барои рушди устувор». Моҳи марти соли 2024 қабул шудааст. Санад аз ҷониби ИМА бо ҳаммуалифии 120 кишвар пешниҳод шудааст.
2. «Таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар кори афзун бахшидани иқтидори зеҳни сунъӣ». Моҳи июли соли 2024 қабул шудааст. Санад аз ҷониби ҶМЧ пешниҳод шуадааст.
3. «Истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи ҳарбӣ ва оқибатҳои он барои ҷаҳон ва амнияти байналмилалӣ». Моҳи декабри соли 2024 қабул шудааст. Дар қатънома зарурати истифодаи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи СММ дар ҷараёни истифодаи ЗС дар соҳаи ҳарбӣ таъкид карда мешавад.
4. «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиеи Марказӣ» Моҳи июли соли 2025 қабул шудааст. Санад аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Он усулҳои истифодаи ЗС-ро барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар минтақа баён мекунад.
5. Қатъномаи АА СММ: A / RES / 79/325. 26 августи соли 2025 қабул шудааст. Санадтаъсиси ду сохтори нав – Гурӯҳи мустақили байналмилалии илмии СММ оид ба зеҳни сунъӣ ва Муколамаи глобалӣ оид ба идоракуниро пешбинӣ мекунад.
Бознашр аз сомонаи mintrans.tj