17-18 феврал дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа, ки мутобиқи моддаи 12 Созишномаи байниҳукуматии ду кишвар аз 6 сентябри соли 1994 баргузор гардид, муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ва муовини Вазири роҳ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон Меҳрон Қурбонӣ ҳамраисӣ карданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва мултимодалӣ муҳокима ва рушди ҳамлу нақли дуҷониба ва транзитиро мусбат арзёбӣ намуданд. Онҳо ҷиҳати беҳдошти шароити фаъолияти ширкатҳои нақлиётии ҳарду кишвар изҳори омодагӣ намуда, ҳамчунин дар бораи мубодилаи мунтазами иттилоот дар ин самт ба тавофуқ расиданд.
Ҷониби Тоҷикистон ӯҳдадор шуд, ки дар бораи меъёрҳои вазн ва андозаи иҷозатдодашудаи ҳамлу нақл ба ҷониби Эрон маълумоти нав пешниҳод менамояд. Миёни ҳарду ҷониб созиш ҳосил гардид, ки дар бораи ҳама гуна тағйирот дар қоидаҳои нақлиёт, гумрук ва сарҳад саривақт якдигарро огоҳ месозанд.
Дар робита ба пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи рушди долони нақлиётии «Чин – Аврупо» тавассути қаламрави ду кишвар ҷонибҳо қарор карданд, ки дар ҷаласаи сеҷонибаи Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон дар нимаи аввали соли 2026 интиқоли озмоишӣ ва баррасии натиҷаҳои он анҷом дода шавад.
Барои таҳқиқи мушкилоти долони мултимодалии нақлиётии ТУТЭТ (Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия) гузаронидани интиқоли озмоишӣ бо иштироки се кишвар ба нақша гирифта шуд. Ҳамчунин ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориро дар масири «Душанбе – Бохтар – Панҷи Поён – Бандари Шерхон – Кобул – Заранҷ – Чобаҳор» таъкид намуда, дар бораи таъсиси Гурӯҳи кории муштарак ҷиҳати омӯзиши ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, техникӣ ва инфрасохторӣ ба ризоият доданд.
Илова бар ин, аъзои Комиссияи муштарак вобаста ба масъалаҳои дар сурати зарурат ба таври таъхирнопазир мубодила кардани шумораи иловагии рухсатномаҳо барои ҳамлу нақли байналмилалӣ, оғози корҳо оид ба гузариш ба низоми электронии табодули рухсатномаҳо (e-permit), ташкили ҳаракати мунтазами автобус тариқи хатсайрҳои «Душанбе – Машхад – Душанбе» ва «Душанбе – Теҳрон – Душанбе» ба мувофиқа расиданд.
Иштирокчиёни ҷаласа хабарро дар бораи он ки Тоҷикистон ва Эрон шуруъ аз 1 марти соли 2026 раводидро барои ронандагони ҳамлу нақли байналмилалӣ бекор мекунанд, хуш пазируфтанд. Гуфта шуд, ки ин тадбир дар санади ниҳоии машварати 7-уми консулӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ҶТ ва ҶИЭ аз 10 декабри соли 2025 зикр шудааст.
Дар охир аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи муштарак муовини Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ва муовини Вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон Меҳрон Қурбонӣ Протокол имзо карданд.
Бознашр аз сомонаи mintrans.tj