Вазорати нақлиёти ИМА бо мақсади пешгирии аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ бидуни тахассуси мувофиқ гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ҷиҳати идоракунии мошинҳои боркаш ва автобусҳо қарор содир кард. Қарор 13 феврал нашр мешавад ва пас аз 30 рӯз эътибор пайдо мекунад.
Бино ба гузориши slavicsac.com, дар соли 2025 бо ҷурми хориҷиёне, ки барои кор ба Иёлоти Муттаҳида омадаанд, тибқи маълумоти манбаъҳои гуногун, бар асари садамаҳои нақлиётӣ аз даҳҳо то садҳо нафар ҳалок гардиданд. Ин рақамҳо шояд дар назди омори умумӣ ночиз бошанд (зеро бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар ИМА ҳар сол 30-40 ҳазор нафар ҷони худро аз даст медиҳанд), аммо дар пасманзари мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ин миқдор мӯҷиби сахт кардани талабот гардидааст.
Сабаби асосии вуруди ронандагони беихтисос (аксар вақт бе донистани забони англисӣ) норасоии кадрии бисёрсола дар соҳаи боркашонӣ маҳсуб мешавад, ки дар натиҷаи он зиёда аз 30 иёлот даҳҳо ҳазор иҷозатномаи кор (Employment Authorization Document, EAD)-ро бидуни санҷиши малакаҳои ронандагӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ додаанд.
Барои ба тартиб даровардани вазъ дар роҳҳои кишвар, Вазорати нақлиёти ИМА қарор содир кард, ки ба пешгирии гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ҷиҳати идоракунии мошинҳои боркаш ва автобусҳо аз ҷониби хориҷиён бидуни тахассуси мувофиқ равона шудааст. Ин бевосита ба муҳоҷирони сершумори Осиёи Марказӣ низ таъсир мерасонад, ки дар он ҷо аксаран ҳамчун ронандагони мошинҳои боркаш ва нақлиёти тиҷоратӣ кор мекунанд. Гузинаи ниҳоии ҳуҷҷат аз 212 саҳифа иборат аст, аммо чанд банди муҳимтарини онро номбар кардан бамаврид аст:
– аз ин ба баъд, иҷозатномаи кор (EAD) дигар ҳамчун далели ҳуқуқи гирифтани шаҳодатномаи ронандагии категорияи CDL (идоракунии мошинҳои боркаши вазнин, фураҳо, автобусҳо ва техникаи махсус бо вазни зиёда аз 12 тонна) қабул карда намешавад, довталабон бояд шиносномаи хориҷии амалкунанда ва инчунин ҳуҷҷатҳои шакли I — 94-ро пешниҳод кунанд;
– соҳибони раводидҳои H-2a (коргарони соҳаи кишоварзӣ), H-2b (коргарони мавсимӣ) ва E-2 (сармоягузорон) метавонанд шаҳодатномаи ронандагии CDL-ро ба даст оранд/тамдид кунанд. Шаҳодатномаҳои қаблан додашуда то ба охир расидани мӯҳлаташон эътибор доранд;
– шаҳодатномаҳо барои категорияҳои дар боло зикршуда минбаъд ҳамагӣ то як сол эътибор хоҳанд дошт;
– санҷиши ҳатмии ҳар як довталаб тавассути низоми федералии SAVE барои тасдиқи мақоми қонунии ӯ гузаронида мешавад.
Қарор расман 13 феврал нашр мешавад ва пас аз 30 рӯз эътибор пайдо мекунад.
Дар баробари ин, иёлоти алоҳида чораҳои иловагӣ андешиданд. Аз ҷумла, шуруъ аз 6 феврал иёлати Флорида супоридани имтиҳон барои дарёфти шаҳодатномаи ронандагиро танҳо бо забони англисӣ ба роҳ монда, истифодаи тарҷумонҳоро барои санҷишҳои хаттӣ бекор кард. Аз ҳамаи идораҳои DMV (Department of Motor Vehicles; Департаменти воситаҳои нақлиёт – муассисаи давлатии бақайдгирии воситаҳои нақлиёт ва додани шаҳодатномаи ронандагӣ) дастурҳои таълимӣ ва санҷишҳои компютерӣ бо забонҳои русӣ, испанӣ ва дигар забонҳо хориҷ карда шуданд.
Бознашр аз сомонаи mintrans.tj