18-20 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар саммити Муколамаи «Осиёи Марказӣ – Ҷопон» бо сафари расмӣ дар Ҷопон буданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
19 декабр дар Токио Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Императори Ҷопон муҳтарам Нарухито, Раиси Палатаи мушовирони Парлумони Ҷопон Секигучи Масакадзу, Раиси Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстӣ ва ҳамкорӣ «Тоҷикистон-Ҷопон», узви Палатаи намояндагони Парлумони Ҷопон Кейҷӣ Фуруя, Президенти Агентии Ҳамкории Байналмилалии Ҷопон (JIKA) Акихико Танака, Президенти Ассотсиатсияи Ҷопон оид ба савдо бо Русия ва давлатҳои нави мустақил (Ротобо) Масами Ииджима, Директори иҷроияи Созмони амнияти соҳаҳои металлургӣ ва энергетикии Ҷопон (Jogmec) Ичи Такахара, муовини Раиси Ҳизби ҳокими либералӣ-демократии Ҷопон, Сарвазири собиқи Ҷопон ҷаноби Таро Асо мулоқот карданд.
19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо гурӯҳи донишҷӯени тоҷик мулоқоти самимӣ доир намуданд.
Зимни мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити таҳсили донишҷӯён пурсида, изҳори боварӣ намуданд, ки онҳо тамоми донишу малакаи дар Ҷопон ба даст овардаашонро ба рушду пешрафти Тоҷикистони азиз равона месозанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишҷӯенро ба омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи илмҳо, ба даст овардани малакаҳои беҳтарин дар донишгоҳҳои Ҷопон ҳидоят намуданд.
20 декабр дар шаҳри Токио нахустин саммити Муколамаи «Осиёи Марказӣ +Ҷопон» баргузор шуд, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов ва Сарвазири Ҷопон Санаэ Такаити иштирок карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саммит ба Ҳукумати Ҷопон барои дастгирӣ дар татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт, инфрасохтор, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, экология, тандурустӣ, маориф ва беҳдошт изҳори сипос намуданд.
Зикр карда шуд, ки дар ин самт дар кишвари мо сиёсати гузариш ба саноати «сабз», инчунин истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар соҳаҳои асосии саноат ба роҳ монда шудааст.
Таъкид гардид, ки дар шароити воқеияти нави иқтисодӣ тамоми муносибатҳои саноатӣ ва ҳамкории мутақобилаи сохторҳои соҳибкорӣ, бешубҳа, бояд ба рушди минбаъда ва таъмини суботи иқтисодии давлатҳои мо равона карда шаванд.
Ба саҳми Ҷопон дар татбиқи лоиҳаҳои хурду миёна дар кишвари мо баҳои баланд дода шуд, инчунин иштироки Ҷопон дар татбиқи лоиҳаҳои васеъмиқёси дорои ҳам аҳамияти миллӣ ва ҳам минтақавӣ дар Тоҷикистон муҳим дониста шуд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, автомобилсозӣ ва металлургияро нисбатан афзалиятнок номиданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти захираҳои бузурги табиӣ омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкории васеъ бо шарикони ҷопонии худ дар самти истихроҷ ва коркарди онҳо иброз доштанд.
Зикр карда шуд, ки кишвари мо ба технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад, зеро ин соҳаҳо барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, назорати муҳити зист ва беҳтар кардани идоракунии захираҳо уфуқҳои нав боз мекунанд.
Дар робита ба ташаббусҳои кишвари мо оид ба қабули Қатъномаи махсуси СММ бо номи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» дастгирии сазовори Ҷопон ва дигар кишварҳои шарик эътироф карда шуд.
Президенти мамлакати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари дар иҳотаи хушкӣ ба рушди логистика ва коммуникатсияи нақлиётӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.
Таъкид гардид, ки такмили инфрасохтори роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, густариши робитаҳои ҳавоӣ ва ҷорӣ намудани барномаҳои рақамии логистикӣ дар минтақа барои рушди тиҷорат, сармоягузорӣ ва иқтисод имкониятҳои мусоид фароҳам меорад.
Пешниҳод карда шуд, ки барои рушди интиқоли транзитии борҳо ва дар минтақаҳои наздимарзии Шимол ва Ҷануби кишвар ҳам марказҳои логистикӣ ва ҳам маҷмааҳои агрологӣ сохта шаванд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷопонро шарики боэътимоди Тоҷикистон дар таълиму тарбияи кадрҳо тавассути барномаҳои JICA ва грантҳои JDS номиданд.
Дар хотима, Сарвари давлати мо зикр намуданд, ки ҳамаи пешниҳодҳои дар ин ҳамоиш ироашуда нияту кӯшишҳои моро барои сулҳу субот, эҳтироми ҳамдигар ва рушди устувор нишон медиҳанд.
20 декабр дар Токио бизнес-форуми «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷопон ва дигар сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд.
20 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарТокио бо Сарвазири Ҷопон хонум Санаэ Такаити мулоқот карданд. Дар ҷараёни мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории байни Тоҷикистон ва Япония баррасӣ гардиданд.
Оид ба ҷалби сармоягузорӣ, технология ва қарзҳои имтиёзноки Ҷопон, инчунин иштироки ширкатҳои пешрафтаи ин кишвар дар таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар соҳаҳои электроника, нақлиёти автомобилӣ, дорусозӣ, коркарди маъданҳои фоиданок ва кишоварзӣ табодули афкор сурат гирифт.
Пешниҳод карда шуд, ки Барномаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ барои се соли оянда (2026-2028) қабул карда шавад.
Дар фарҷоми суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷопонро даъват карданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварад.
Аз рӯи натиҷаҳои саммити аввали «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» дар Токио Эъломияи Токио қабул карда шуд.
Ҳамчунин қариб 20 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ҷопон ба имзо расиданд, аз ҷумла:
Изҳороти муштараки Тоҷикистону Ҷопон дар бораи рушди минбаъдаи муносибатҳо бо мақсади таҳкими минбаъдаиҳамкориҳои мутақобилан судманд.
Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ҷопон дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ.
Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷопон барои солҳои 2026-2028.
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод, савдо ва саноати Ҷопон дар соҳаи саноат.
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Вазорати замин, инфрасохтор, нақлиёт ва сайёҳии Ҷопон.
Мубодилаи ёддоштҳо ва созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи навсозии таҷҳизоти сканеркунии бор дар гузаргоҳи гумрукӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар хатсайри байналмилалии нақлиётии Транскаспий.
Мубодилаи ёддоштҳо ва созишномаи грантӣ ҷиҳати пешниҳоди грант оид ба лоиҳаи «Сохтмони зеристгоҳи барқии 220 кВ барои шаҳри Душанбе».
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидории Ҷопон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ.
Мубодилаи еддоштҳо аз рӯи лоиҳаи «Таҳкими низоми коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон».
Ёддошти тафоҳум байни Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Masui Co., LTD» дар соҳаи рақамикунонии кишоварзӣ.
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Маркази муҳандисии обуҳавошиносии Ҷопон.
Ёддошти тафоҳум байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва ширкати «Splice-Lab Co., Ltd.» дар бораи тайёр кардани муҳандисони маҳаллӣ дар соҳаи пулсозӣ.
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва корпоратсияи «Сансей» оид ба гирифтани мошинҳои мобилии тиббӣ.