Нақлиёти автомобилӣ дар Тоҷикистон пешсафи ягона дар гардиши боркашонӣ маҳсуб мешавад, зеро беш аз 90% ҳамлу нақл маҳз тавассути ҳамин навъи нақлиёт анҷом дода мешавад. Дар ин бора рақамҳои нашркардаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.
Дар Тоҷикистон тайи шаш моҳи аввали соли 2025 тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёт 66 млн 687,8 ҳазор тонна бор интиқол дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,3 % зиёд мебошад.Чунин арқом дар ҳисоботи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли 2025» мунташир шудаанд.
Тибқи маълумоти агентӣ, дар ин давра 63 миллиону 58,6 ҳазор тонна бор тавассути нақлиёти автомобилии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони воқеӣ, ки бо ҳамлу нақли тиҷоратӣ машғуланд, интиқол дода шудааст, ки 94,6% - и ҳаҷми умумии боркашониро ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи аввали соли 2025 тавассути нақлиёти роҳи оҳан 3 миллиону 628,6 ҳазор тонна бор (аз ҷумла борҳои транзитӣ) интиқол дода шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2024 ба андозаи 12,4% зиёд аст.
Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилии (ММД) Тоҷикистон 70,8 миллиард сомонӣ ($7,5 миллиард), таваррум 1,8% ва гардиши мол беш аз 33 миллиард сомонӣ ($3,5 миллиард) – ро ташкил дод.
Мавриди зикр аст, ки гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишваҳои ИДМ дар нимсолаи аввали соли 2025 ба беш аз 2,1 миллиард доллари ИМА расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,6 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора 25 июли соли 2025 сомонаи Агентии иттилоотии «Финмаркет» хабар дод.
Гардиши мол нишондиҳандаи муҳими иқтисодӣ мебошад, зеро он ҳамчун шохиси вазъи иқтисодӣ, сатҳи талабот ва пешниҳод дар бозор хизмат мекунад.
Гардиши боркашонӣ, ки ҳаҷми корҳои иҷрошударо оид ба интиқоли бор дарбар мегирад, ба гардиши мол (ҳаракати мол), ки амалиёти гуногуни логистикӣ амсоли интиқол, ҷойгиркунӣ дар анбор, бастабандӣ ва ғайраро дар бар мегирад, таъсир мерасонад,
аз ин рӯ нишондиҳандаи иқтисодии на камтар муҳим аз гардиши мол аст.
Ба ақидаи ҳамоҳангсози бахши интиқоли заминӣ ва мультимодалии ширкати Dunyo Cargo Махфират Неъматуллоева, ҳамлу нақли автомобилӣ, ки қисми ҷудонопазири занҷири логистикӣ мебошад, бо рушди иқтисодиёти муосир тавъам аст.
Ин пайвандест, ки истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагонро муттаҳид месозад ва кафолат медиҳад, ки молҳое, ки дар як гӯшаи дунё истеҳсол шудаанд, метавонанд дар мӯҳлати беҳтарин ба гӯшаи дигар расонида шаванд.
«Логистикаи муассир аз интиқоли боэътимод ва фаврӣ вобаста аст ва мошинҳои боркаш ин вазифаро беҳтар иҷро мекунанд. Аксари молу маҳсулот ва ашёе, ки мо дар дӯконҳо, тарабхонаҳо ва ҳатто хонаҳои худ мебинем, аз ин марҳилаи интиқол гузаштаанд, - мегӯяд ӯ. - Мошинҳои боркаш молу маҳсулотро ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он ба нуқтаи ниҳоӣ таҳвил медиҳанд ва ба тиҷорати ҷаҳонӣ ва рушди иқтисодӣ мусоидат мекунанд».
Барои Тоҷикистон интиқоли байналмилалии автомобилӣ бо сабаби маҳсур дар хушкӣ ва дур будани кишвар аз долонҳои асосии баҳрӣ аҳамияти махсус дорад.
Ин намуди нақлиёт имрӯз дар кишвари мо ҳаракати самараноки молҳоро тавассути убури марзҳо таъмин менамояд ва тиҷорати Тоҷикистонро бо иқтисоди ҷаҳонӣ мепайвандад.
Нақлиёти автомобилӣ имкон медиҳад, ки молҳои миллӣ, аз қабили маҳсулоти кишоварзӣ, меваҳои тару тоза ва коркардшуда, сабзавот, маҳсулоти бофандагӣ, пахта, маҳсулоти корхонаҳои саноатии кишвар, захираҳои минералӣ ба зовияҳои гуногуни олам содир карда шаванд. Ҳамзамон, нақлиёти автомобилӣ роҳро барои воридоти молу технологияҳои зарурӣ боз карда, ба гуногунрангӣ ва ғанисозии бозори Тоҷикистон мусоидат мекунанд.
Ба ақидаи коршиносон, истифодаи нақлиёти автомобилӣ барои чунин амалҳо мувофиқи мақсад аст:
- интиқоли бор то ба нақлиёти магистралӣ;
- интиқоли борҳои гуногун ба масофаҳои кӯтоҳ;
- боркашонӣ дар як маҳалли аҳолинишин;
- ба масофаи дур сари вақт расонидани маҳсулоти зуд вайроншавандае, ки арзиши махсуси борҳоро доранд.
ОМИЛҲОИ ТАЪСИРРАСОН
Чунин омилҳо ба афзоиши ҳамлу нақли автомобилӣ таъсир мерасонанд:
Тавсеаи тиҷорати электронӣ. Рушди тиҷорати онлайн талаботро ба ҳамлу нақли байналмилалӣ, бахусус интиқоли миқдори ҳаҷман хурди молҳо мустақиман ба истеъмолкунандагон ҳавасманд мекунад.
Рушди ҳамлу нақли мултимодалӣ. Ҳамлу нақли омехта торафт маъмултар мегардад, нақлиёти автомобилӣ дар якҷоягӣ бо дигар намудҳои нақлиёт (роҳҳои оҳан, баҳрӣ ва ҳавоӣ) барои беҳдошти хатсайр ва арзиши интиқол истифода мешавад.
Афзоиши рақобати иқтисодӣ. Бозингарони нав, аз ҷумла кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиё вориди бозор мешаванд ва рақобатро афзоиш медиҳанд ва ширкатҳоро водор месозанд, ки роҳҳои нави самаранокӣ ва кам кардани хароҷотро ҷустуҷӯ кунанд.
Баланд шудани талаботи экологӣ. Бо нигарониҳои афзоянда аз оқибатҳои тағирёбии иқлим кишварҳо торафт бештар барои партовҳои моддаҳои зараровар маҳдудиятҳо ҷорӣ мекунанд, ки ин ба рушди технологияҳои тоза дар нақлиёти автомобилӣ мусоидат мекунад.
Шаҳрнишинӣ (урбанизатсия) ва афзоиши аҳолӣ. Ин боиси боло рафтани талабот ба молҳо ва хизматрасониҳо мегардад, ки дар навбати худ ҳаҷми боркашониро афзоиш медиҳад.
ДАР МИҚЁСИ ҶАҲОН
Кадом намуди нақлиёт дар интиқоли бор дар миқёси ҷаҳонӣ бартарӣ дорад?
Бузургтарин гардиши боркашонӣ тавассути нақлиёти баҳрӣ сурат мегирад. Он аз ҷиҳати ҳамлу нақл дар байни қитъаҳо бандарҳои баҳрҳои дохилӣ аз сабаби арзонӣ, эътимоднокӣ, иқтидори зиёди борбардорӣ ҳамто надорад. Беш аз 60% ҳамаи борҳо маҳз тавассути баҳр интиқол дода мешаванд.
Роҳи оҳан бо ҳиссаи тақрибан 15% гардиши борҳои ҷаҳонӣ бо эътимод дар ҷои дуюм қарор дорад. Бо забони рақамҳо ин тақрибан 13 триллион тонна-километр дар як сол аст.
Аз рӯи ҳаҷми интиқол, роҳи оҳан ҳар сол тақрибан 9 миллиард тонна бор интиқол медиҳад.
Нақлиёти автомобилӣ тақрибан 10% гардиши борҳои ҷаҳонро амалӣ месозад. Аммо аз рӯи шумораи тоннаҳои интиқолёфта ҳиссаи он бештар – тақрибан 15-20% ҳаҷми умумист.
Ин ба таври оддӣ шарҳ дода мешавад: мошинҳои боркаш асосан дар масофаҳои кӯтоҳ кор мекунанд. Масофаи миёнаи ҳамлу нақли автомобилӣ 50-150 километрро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, нақлиёти автомобилиро «подшоҳи мили ниҳоӣ» ном мебаранд. Қариб ҳар як бор дар марҳилаи ниҳоӣ бо мошини боркаш интиқол дода мешавад.
Роҳи ҳавоӣ (авитатсия) ҳиссаи хоксоронаи камтар аз 1% гардиши борҳои ҷаҳонро ишғол мекунад. Аммо аз рӯи арзиши молҳои интиқолёфта ин рақам ба 35% мерасад. Ҳавопаймоҳо дар як сол тақрибан 60 миллион тонна бор интиқол медиҳанд. Ин дар муқоиса бо нақлиёти баҳрӣ қатрае дар уқёнус аст, аммо қатраи хеле арзишманд. Тавассути ҳавопаймоҳо молҳое интиқол меёбанд, ки суръати расониданашон аз арзиши интиқол муҳимтар аст.
Бознашр аз сомонаи www.mintrans.tj