ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

«РОҲ ВА НАҚЛИЁТ» ДОРОИ ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШУД. Маҷалла дар Маркази байналмилалии бақайдгирии нашрияҳои сериалӣ дар Париж сабти ном гардид

2025-08-02 07:00:53 | Диданд: 391

Маҷаллаи «Роҳ ва нақлиёт»-и Тоҷикистон 29 июли соли 2025 дар Маркази байналмилалии бақайдгирии нашрияҳои сериалии ISSN (ЮНЕСКО, ш. Париж, Франсия) сабти ном гардид. Маҷалла таҳти рақами силсилавии стандартии байналмилалии ISNN 3105-1324 аз 29 июли соли 2025 ба қайд гирифта шуд ва соҳиби сертификати ҳуқуқи байналмилалии  маҷаллаҳо гардид.
Рақами силсилавии стандартии байналмилалӣ  муаррификунандаи беназири нашрияҳои даврӣ ва унсури ҳатмии маълумоти нашри онҳо мебошад ва дар саросари ҷаҳон ҷиҳати шиносоӣ, истифода ва паҳн намудани маводи нашрияҳо васеъ истифода бурда мешавад. Рақами мазкур барои китобхонаҳо, агентиҳои обуна, муҳаққиқон ва олимоне, ки дар бахши иттилоот, нашрияҳо ва соҳаҳои алоҳида  фаъолият мекунанд, зарур аст.
Ёдовар мешавем, ки маҷаллаи «Роҳ ва нақлиёт», ки муассисонаш Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-и Вазорати нақлиёти ҶТ мебошанд, аз моҳи октябри соли 2024 моҳе як маротиба ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мешавад.
Маҷалла дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистони таҳти №378/МҶ-97 аз 20 сентябри соли 2024 ба қайд гирифта шудааст. Маҷалла ба сифати минбари роҳу нақлиёт, ки яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди кишвар маҳсуб меёбад, таъсис дода шуда, дар баробари хабару гузоришҳо,  мусоҳибаву муколамаҳо ва эълону рекламаҳо, инчунин мақолаву рисолаҳои илмӣ ва пешниҳоду назардошти донишмандон ва мутахассисонро оид ба масъалаҳои мубрами соҳа ба нашр мерасонад.
Суроғаи маҷалла: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, индекс: 734042, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 14.
Почтаи электронӣ: transport2024@list.ru. Телефонҳо: 909-30-01-97;  988-51-81-23.