ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Насби панелҳои офтобӣ дар биноҳои навсохт ҳатмӣ гардид

2025-08-01 09:46:51 | Диданд: 352

Аз 1 апрели соли 2024 дар Тоҷикистон насби низоми барқи офтобӣ дар ҳама биноҳои нав ва таъмиршаванда — аз ҷумла хонаҳои истиқоматӣ, мактабҳо, кӯдакистонҳо, беморхонаҳо ва иншооти фарҳангиву варзишӣ — ҳатмӣ гардид.
Ин иқдом дар доираи Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” барои солҳои 2023–2037 амалӣ мешавад.
Қарори шабеҳи ҳатмии насби панелҳои офтобӣ дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла ИМА, Ҷопон, Олмон, Қазоқистон ва Узбекистон низ қабул шудааст. Масалан, дар Токио аз соли 2025, дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз соли 2029 ва дар Узбекистон аз 1 июни 2025 насби он ҳатмист.
Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги неруи офтоб мебошад — то 330 рӯзи офтобӣ дар як сол ва иқтидори истеҳсолии солонаи қариб 25 миллиард кВт/соат. Ин метавонад то 80% талаботи аҳолиро таъмин намояд.
Ҳамзамон, истифодаи неруи офтоб дар нақлиёти барқӣ низ муфид дониста мешавад. Он масофаи ҳаракатро меафзояд, кори системаҳои хунуккунӣ ва гармидиҳиро беҳтар мекунад ва ба коҳиши партовҳои зараровар мусоидат менамояд.
Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023–2028 низ ин самтро афзалиятнок медонад.