ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Тоҷикистон ташаббускори қатъномаи СММ оид ба зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ гардид

2025-07-29 13:02:06 | Диданд: 304

25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи «Нақши зеҳни сунъӣ (ЗС) дар рушди устувор дар Осиёи Марказӣ»-ро, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд, қабул кард.
Қатънома, ки якдилона пазируфта шуд, аҳамияти истифодаи одилона ва бехатаронаи технологияҳои ЗС-ро барои рушди устувори минтақа таъкид мекунад.
Ҳамчунин, дар он таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчун платформаи ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои минтақавӣ дар соҳаи ЗС пешбинӣ шудааст.
Тоҷикистон дар солҳои охир дар самти рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маориф корҳои назаррас анҷом додааст. Аз ҷумла, қабул шудани Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040, «Консепсияи иқтисоди рақамӣ», барномаҳои “Шаҳри ҳушманд” ва “Нақлиёти ҳушманд”, ҳамчунин афзоиши нақлиёти барқӣ ва истифодаи ЗС дар инфрасохтори шаҳрӣ, нишонаи пешравии кишвар дар ин самт аст.
Тибқи маълумоти расмӣ, то 1 июни соли 2025 дар Тоҷикистон зиёда аз 34 ҳазор нақлиёти барқӣ ба қайд гирифта шудааст.
Маркази рақамикунонии нақлиёт, ки соли 2024 ифтитоҳ гардид, ба густариши системаи зеҳнии идоракунии роҳҳо ва логистика мусоидат мекунад.
Қабули ин қатънома дар СММ як марҳилаи муҳими ба расмият шинохтани нақши Тоҷикистон дар ташаккули сиёсати глобалӣ оид ба зеҳни сунъӣ мебошад.