20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ даромадгоҳи деҳоти Панҷоб ва роҳи мумфаршгардидаро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳ дар ин масир 12,75 километрро дар бар гирифта, шаҳраки Москва, деҳаҳои Сайроби деҳоти Панҷоб ва Сомониёни деҳоти ба номи Саидқул Турдиевро бо ҳам мепайвандад.
Роҳи мошингард асосан солҳои 80-уми асри гузашта бунёд ёфта, бо мурури замон масофаи зикргардида таъмирталаб ва ҳаракати нақлиёти боркашу мусофиркаш мушкил гардида буд.
Корҳои сохтмонӣ дар роҳ аз аввалҳои моҳи апрели соли равон аз тарафи соҳибкорони ватанӣ, сокинони маҳал ва бо ҷалби аҳолӣ оғоз гардида, ба маблағи умумии 21 миллиону 675 ҳазор сомонӣ корҳои навсозӣ ба анҷом расонида шуд.
Паҳноии роҳ 6 метр ва ғафсии он ба андозаи 10 см мумфарш гардидааст.
Ин иқдоми ибратомӯзи сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ба беҳдошти вазъи роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мусоидати амиқ карда, боиси рафтуомади бемонеаи нақлиёти мусофиркашу борбар гардид.
Сокинону соҳибкорони боҳиммати ноҳия бо пайравӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониро вусъат медиҳанд.
Баъди ифтитоҳи иншоот Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳиммати сокинон барои ободонии як гӯшаи сарзамин баҳои баланд доданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди роҳи мазкурро аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ шоистаи таҳсин хонда, амалӣ намудани иқдомҳои созандагиро нишонаи баланди муҳаббату садоқати сокинон ба миллату давлат номиданд.
Худи ҳамон рӯз, 20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сайроби деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корхонаи истеҳсоли асфалту бетонро мавриди истифода қарор доданд.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи нави саноатӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷобиров Абдулазиз дар пайравӣ аз сиёсати созандаву ободгаронаи Ҳукумати кишвар бунёд шудааст.
Корхонаи масолеҳи сохтмонӣ дар майдони 8,17 гектар ба маблағи 2 миллиону 520 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо хатти муосири истеҳсолӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.Иқтидори корхона дар як соат 70 тонна асфалт ва 60 метри мукааб бетонро ташкил медиҳад.
Бо бунёди корхонаи саноатӣ 100 ҷои корӣ таъсис ёфта ояндаи наздик бо бунёди коргоҳи сеюм теъдоди кормандон ба 120 мерасад.
Хатҳои истеҳсолии асфалт ва бетон аз ширкатҳои пешқадами хориҷӣ харидорӣ гардида, имконият медиҳад, ки маҳсулот бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи сохтмониву роҳсозӣ истеҳсол гардад.
Бо истифода аз ин имконот минбаъд хароҷоти таъмири роҳҳои ҳудуди ноҳия коҳиш ёфта, маҳсулоти аълосифати худӣ дар сохтмону таъмири роҳҳо истифода карда мешавад. Корхонаи мазкур дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи “Солҳои рушди саноат”, солҳои 2022-2026, нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ ва ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ ба корҳои анҷомёфтаи сохтмонӣ ва васли таҷҳизот баҳои баланд дода, барои истифодаи самараноки коргоҳ ва истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазир ба масъулин дастуру тавсияҳо доданд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан зимни суханронии худ бахшида ба 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштанд: «Ҳоло Тоҷикистон дар марҳалаи рушди устувор қарор дорад, ки яке аз нишонаҳои возеҳи он бунёди роҳҳои мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мебошад».
Бознашр аз сомонаи mintrans.tj