ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Дар Душанбе ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои протоколӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад

2025-07-23 12:09:38 | Диданд: 331

Аз 23 то 25 июл дар пойтахти Тоҷикистон ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои протоколӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад, хабар медиҳад Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе. 
Тибқи маълумоти РБДА, 23 июл аз соати 18:00 то 22:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои М.Мастонгулов, А. Дониш, С. Айнӣ ва проспекти Рудакӣ муваққатан боздошта мешавад.
24 июл ҳаракат дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Сомонӣ, инчунин дар кӯчаҳои «Теҳрон» ва «Шероз» маҳдуд карда хоҳад шуд.
25 июл ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони  Рӯдакӣ, кӯчаи Айнӣ ба самти шаҳри Ваҳдат ва дар вақти шабона дар қитъаи аз нуқтаи назоратии «Чорбоғ» то ноҳияи Варзоб муваққатан баста мешавад.
Маҳдудиятҳо дар соатҳои гуногун амал мекунанд.
Милитсияи пойтахт аз ронандагон ва шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки аз хатсайрҳои алтернативӣ истифода баранд ва аз таваққуф дар кӯчаҳои зикршуда худдорӣ кунанд.
Хотиррасон мешавем, ки тибқи хабари Вазорати  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23-26 июл бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
                                                                                                                                                                                          Манбаъ:www.mintrans.tj