ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

РОҲИ ПЕШАКАРДАИ ТОҶИКИСТОН ДУРУСТ АСТ. Тибқи гузориши ICCT, мошинҳои барқӣ навъи аз ҷиҳати экологӣ тозатарини нақлиёт эътироф шуданд

2025-07-22 07:26:15 | Диданд: 271

Гузориши охирини Шӯрои байналмилалии нақлиёти тоза (ICCT) дар моҳи июли соли 2025 дар баҳси он, ки кадом намуди нақлиёт ба иқлим камтар зарар дорад, нуқта гузошт.
Олимону коршиносон сарбории пурраи карбонро дар мошинҳо аз истеҳсол ва истифода то нобуд (утилизатситя) шуданашон ҳисобу китоб намуданд. Мошинҳои барқӣ ғолиб омаданд.
ICCT соли 2001 дар ИМА таъсис ёфтааст. Қароргоҳи марказии он дар Вашингтон воқеъ буда, инчунин дафтарҳои байналмилалиаш дар Сан-Паулу (Бразилия), Берлин (Олмон) ва Пекин (Чин) фаъолият мекунанд.
ICCT маркази байналмилалии таҳлилии ғайритиҷоратӣ оид ба сиёсати давлатӣ ва пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ мебошад. Ҳамин тавр, ба ақидаи таҳлилгарони ICCT, кроссовери миёнаи барқӣ, ки ба он аз шабакаи оддии Аврупо барқ пур карда мешавад, тақрибан 63 г CO2-ро дар 1 км роҳ ихроҷ мекунад.
Барои муқоиса: мошини бо  бензин коркунанда дар чунин тӯли роҳ 235 г CO2/км хориҷ месозад.
Ҳатто бо назардошти истеҳсоли ифлоси батарея, фарқият пас аз 17000 км  ба самар мерасад.
Бо энергияи тоза нишондиҳандаҳо боз ҳам беҳтар мешаванд – то 52 г / км.
Ин аллакай 78% партовҳоро дар муқоиса бо мошини бо бензин коркунанда кам мекунад.
Ин нишондиҳанда дар гибридҳои HEV  ба 188 г CO2/км ва дар гибридҳои  PHEV ба 163 г  баробар аст. Мошинҳои бо дизел ва бензин коркунанда қариб  баробар – ба андозаи 234235 г / км карбон хориҷ  менамоянд.
Мошинҳои бо  газ коркунанда  (CNG) 203 г газ  ихроҷ месозанд, ки ин аз  меъёрҳои «сабз» дур аст. Шӯрои байналмилалии нақлиёти тоза изҳор медорад, ки ҳиссаи энергияи сабз дар Аврупо дар соли 2025 ба 56% ва то соли 2045 ба 86% мерасад. Захираи  батареяҳои муосир то 2 миллион км кифоят хоҳад кард. Ба ибораи дигар, мошини барқӣ дигар «бозичаи чароғдон» нест, балки интихоби мантиқӣ барои онҳоест, ки на танҳо дар бораи хароҷот, балки дар бораи оянда фикр мекунанд.
ТОҶИКИСТОН: РОҲ БА СӮИ РУШДИ ELECTRIC VEHICLE
Electric Vehicle (EV) номи умумии мошинҳои барқӣ мебошад, яъне мошинҳое, ки ҳамчун манбаи энергия барқ ва ҳамчун агрегати қувва муҳаррики барқӣ истифода карда мешаванд. Дар кишвари мо «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» қабул шудааст, ки лоиҳаи он аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 таҳия ва пешниҳод гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 532 аз 31 октябри соли 2022  ба тасвиб расидааст.
Дар он  тадбирҳои зерин пешбинӣ гардидаанд:
— таъсиси пойгоҳ барои истеҳсоли мошинҳои барқӣ ва ҷузъҳои онҳо;
—  бунёди инфрасохтор барои таъмини барқ ва нигоҳдории мошинҳои барқӣ;
—  таҳияи технологияи истифодаи батареяҳо;
— додани имтиёзҳои иловагӣ ва дигар имтиёзҳо ба ронандагони нақлиёти барқӣ;
— ташаккули маҷмӯи тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии рушди нақлиёти барқӣ.
Дар Барнома зикр шудааст, ки қонеъ кардани талабот ба намудҳои нави мошинҳои барқӣ тавассути истифодаи иқтидори корхонаҳои хусусии ватанӣ амалӣ карда мешавад.
Дар айни замон, ҶДММ «Акиа Авесто Автоматив Индастри» истеҳсоли оммавии намудҳои нави автобусҳои барқӣ, инчунин истеҳсоли системаҳои дастгирии аккумуляторӣ барои мошинҳои барқиро аз рӯи принсипи «чандирӣ» ба нақша гирифтааст. Илова бар ин, Тоҷикистон ният дорад дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинӣ истеҳсоли мошинҳои барқии худро ба роҳ монад.            Бо мақсади дастгирии рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон, мисли дигар кишварҳо, баъзе имтиёзҳо ҷорӣ карда шуданд. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2023 ба кишвар ворид намудани воситаҳои нақлиёти истеҳсолашон то соли 2013 (мавқеи молии 8702, 8703, 8704 ва 8705 номгӯи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон) манъ карда, тибқи таҳрири нави Кодекси андози Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2022 қабул шудааст, воридоти мошинҳои барқӣ ба муҳлати 10 сол аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда шудааст.
Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Консепсияи гузариш ба низоми барқии нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2026» ва Қарор дар бораи то 1 сентябри соли 2025 гузариши пурра  ба хизматрасонии мусофирони таксӣ бо истифода аз нақлиёти барқӣ» - ро имзо карданд.Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, агар соли 2024 ба кишвар 17695 мошини барқӣ ворид карда шуда бошад, пас танҳо дар  панҷ  моҳи аввали соли 2025 беш  12821  мошини нави барқӣ ворид карда шудааст. Шумораи умумии нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон  то 1 июни ҳамин сол 34354 ададро ташкил дод. 
Қаблан маҷаллаи рангаи автомобилии Русия «Пятое колесо» дар сомонаи худ мақолаеро бо номи «Тоҷикистони электромобилӣ» нашр карда буд (ниг. ба 5Koleso.ru, 18 августи соли 2024). Дар он муаллиф Роман Прокопенко менависад: «Тоҷикистон маҳз ҳамон кишвари ИДМ аст, ки воридоти мошинҳои барқӣ бо суръат меафзояд. Ва Ҳукумат ният дорад, ки бахши нақлиёти барқиро тибқи барномаи махсус то соли 2028 ҷиддӣ рушд диҳад.
Ин  ба ҳадде ҷиддӣ аст, ки ҳоло сухан дар бораи ташкили истеҳсоли пурраи  мошинҳои барқӣ дар ҳудуди кишвар бо мусоидати шарикони хориҷӣ меравад. Ва ҷумҳурӣ ният дорад, ки дар ин самт ба қувваи барқи экологӣ ва арзони худ такя кунад...».
Дар мақола, бо истинод ба сомонаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, аз «Барномаи рушди нақлиети барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» мисолҳо оварда шуда, тадбирҳои тибқи ин Барнома  амалишаванда зикр гардидаанд, инчунин афзоиши ҳамасолаи воридоти мошинҳои барқӣ ба кишвар таъкид карда мешавад.
Прокопенко суханони зерини Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳимро, ки соли гузашта дар нишасти матбуотӣ изҳор карда буд, иқтибос намудааст: «Тоҷикистон яке аз кишварҳои ИДМ аст, ки нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон истеҳсол мекунад. Дар робита ба ин, истифодаи мошинҳои барқӣ дар кишвар аз ҳама ҷиҳат мувофиқтар ва самараноктар аст. Хусусан дар давраи болоравии нархи сӯзишворӣ».Муаллифи мақолаи маҷаллаи «Пятое колесо» дар охир чунин суол гузоштааст: «Оё роҳи интихобкардаашон дуруст аст?».
Бо назардошти бисёр омилҳо, аз ҷумла гузориши охирини Шӯрои байналмилалии нақлиёти тоза (ICCT) метавон ба таври қатъӣ гуфт: Бале, Тоҷикистон роҳи дурустро пеша кардааст, зеро нақлиёти  барқиро рушд медиҳад, ки ин ба гузариш ба технологияҳои тоза ва мубориза бо тағирёбии иқлим  рабт дорад!
                                                                                                                                                                    Манбаъ: 
www.mintrans.tj