МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ КОРИ ДАСТАҶАМЪИСТ
2026-01-12 11:47:26 | Диданд: 38
Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар масъалаҳо ба мушкилоти коррупсия эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Зеро, коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз мушкилиҳои глобалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, содиршавии он ба сатҳи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад.
Тавре ки қонунгузории кишвар мафҳуми асосии коррупсияро шаҳр додааст, коррупсия – кирдор ё ҳаракат беҳаракатие, ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайрқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ. Бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёз дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ мебошад, ки содирнамоии ин амал ҷиноят маҳсуб меёбад.
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар самти муқовимат ба коррупсия пешбинигардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба санади барномавии муайянкунандаи дурнамои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, аз ҷумла, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2008, №34 «Дар бораи Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 3.08.2021, таҳти №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)» қабул карда шуда аст.
Ёдовар бояд шуд, ки Стратегияҳои қабулгардида бо мақсади андешидани чораҳои дастаҷамъонаи ташкилӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дар ин самт мебошанд. Стратегияи мазкур қисми ҷудонашавандаи Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои марҳилаи якум солҳои 2021-2025 буда, ҳуҷҷати барномавии сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки принсип ва муносибатҳои асосии онро муайян менамояд.
Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегия аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.
Тазаккур бояд дод, ки Стратегия мазкур ҳамкории фаъоли байналмилалӣ ва ёрии ҳамдигариро дар доираи ҳамоҳангсозии мубориза бо коррупсия бо ташкилотҳои байналмилалӣ пешбинӣ менамояд. Вазифаҳои асосии он аз таъмини ҳифзи ҳуқуқӣ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, инчунин, ҷамъият ва давлат аз коррупсия, амалӣ сохтани асосҳои меъёрии ҳуқуқии пешгирӣ, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ иборат мебошад.
Тарғиботи зиддикоррупсионӣ тавассути воситаҳои ахбори омма яке аз роҳҳои муҳими баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва ташаккули муҳити бе коррупсия дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон ва иштироки фаъоли ҷомеа дар мубориза бо коррупсия метавонад ба таҳкими давлатдории қонунбунёд ва рушди устувори кишвар мусоидат намояд.
