ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"
соли 2011 таъсис ёфтааст

ГУЗОРИШИ БРАО: Тоҷикистон ба долонҳои нақлиётии Авруосиё миллиард доллар сармоягузорӣ мекунад

2026-01-19 04:34:58 | Диданд: 33

Бонки рушди Авруосиё (ЕРАО) гузориши «Шабакаи нақлиётии Авруосиё:  Мушоҳидаи лоиҳаҳо ва харитаи интерактивӣ» - ро нашр кард. Мақсади ин ҳуҷҷати корӣ мусоидат ба назорат ва ҳамоҳангсозии рушди инфрасохтори долонҳо ва хатсайрҳои шабакаи нақлиётии Авруосиё (ШНАО) мебошад.

БРАО рушди 325 лоиҳаро, ки ба  ШНАО дохил карда шудаанд, ба ҳолати то 1 июли соли 2025, бо ҳаҷми умумии сармоягузории   234,1 миллиард доллари ИМА, таҳлил кардааст. Беш аз 60% лоиҳа дар марҳилаи татбиқ, 12,8% дар марҳилаи омодасозии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, 27,2% дар марҳилаи банақшагирӣ қарор доранд.

Беш аз нисфи (51,9%) ҳаҷми умумии сармоягузориҳое, ки то соли 2035 барои рушди  долонҳои байналмилалии нақлиётии шабакаи нақлиётии Авруосиё пешбинӣ шудаанд, ба инфрасохтори роҳҳои автомобилгард равона карда мешаванд.

Барои рушди логистика, савдо ва сайёҳӣ, махсусан дар кишварҳо ва минтақаҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, сохтани роҳҳои баландсифати баландсуръат зарур аст.

То соли 2035 ба соҳаҳои савдо ва сайёҳӣ шоҳроҳҳои баландсуръат бо дарозии зиёда аз 10 ҳазор км дар ҳадди ақал 7 кишвари минтақаи Авруосиё хизмат  хоҳанд расонид.

Ба ақидаи муаллифони Гузориш, ин махсусан барои Осиёи Марказӣ, ки дар он нақлиёти автомобилӣ дар баланд бардоштани алоқаи нақлиётӣ нақши  калидӣ мебозад, муҳим аст.

Ба кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 22% сармоягузориҳои ба рушди  ШНАО раворнашуда рост меояд.   90 лоиҳа ба маблағи умумии тақрибан 53 миллиард доллари  ИМА дар ҳоли татбиқ қарор доранд ва ё ба нақша гирифта шудаанд. Қариб аз се ду ҳиссаи сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ ба рушди шабакаи роҳҳои автомобилгард нигаронида шудааст.

Тибқи Гузориши БАОР, Тоҷикистон ба ин лоиҳа миллиард доллар сармоягузорӣ хоҳад кард.

Дар байни кишварҳо аз 10 лоиҳаи бузургтарини рушди ШНА 7 адади он ба Русия тааллуқ дорад.

Дар Гузориш долонҳои шабакаи нақлиётии Авруосиё зикр шудаанд. Аз рӯи долони ТРАСЕКА хатсайрҳои зерини автомобилгард, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузаранд, тазаккур ёфтаанд:

• Тошканд – Конибодом – Андиҷон;

• Бухоро – Қарши – Тирмиз – Қурғонтеппа (Бохтар) – Кӯлоб;

•Душанбе – Тирмиз;

• Шерхон-Бандар –Панҷи Поён –Душанбе –Вахдат – Ҷиргатол (Лахш) – Қарамиқ;

• Мазори-Шариф – Пули-Хумри – Панҷи Поён – Душанбе – Сари Тош;

•Тирмиз – Сариосиё – Душанбе – Вахдат – Кӯлоб – Хоруғ – Мурғоб – Қулма – Қаросу;

•Ташканд – Ойбек – Хуҷанд – Конибодом – Андархон – Қӯқанд;

•Тошканд – Ойбек – Хуҷанд – Душанбе – Қӯрғонтеппа (Бохтар) – Панҷи Поён– Шерхон-Бандар.

Аз рӯи долони Ҷанубӣ-Авруосиёӣ:

• Истамбул (бандари Хайдарпошо) – Измит (бандари Деринҷе) – Мерзифон – Рафаҳиё – Гӯрбулоқ – Бозаргон – Эйвӯғли – Табрез – Қазвин – Теҳрон – Симнон – Домғон – Сабзавор – Машхад – Догарун – Ислом-Қалъа – Ҳирот – Мазори Шариф – Тирмиз – Ғузор – Самарқанд – Бекобод – Ойбек – Хуҷанд – Конибодом – Андархон – Қӯқанд – Андиҷон – Ӯш – Сари Тош – Иркештам – Қошғар – Урумчи – Сиан – Лянюнган (бандар)/Шанхай (бандар).

Ёдовар мешавем, ки Гузориши БРАО 13 кишвари минтақаи Авруосиёро фаро мегирад: Озарбойҷон, Арманистон, Афғонистон, Беларус, Гурҷистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон.

Маълумоти обсерватория дар асоси манбаъҳои боз, аз ҷумла барномаҳои миллӣ ва байналмилалии рушди нақлиёт, маълумотномаҳо (релизҳо), арзёбии коршиносон ва дигар маводҳои дастрас ташаккул ва мунтазам нав карда мешавад.