Ронандагони муҳоҷир дар ИМА аз сабаби надонистани забон аз кор маҳрум мешаванд: аз 25 июни соли 2025 дар он ҷо фармони Президенти ин кишвар Доналд Трамп амал мекунад, ки талаботи қатъии донистани забони англисиро барои ҳамаи ронандагони нақлиёти тиҷоратӣ муқаррар намудааст.
Интиқолдиҳандагон бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Барои бисёре аз шаҳрвандони кишварҳои ИДМ корро ба сифати ронандаи мошини боркаш дар Иёлоти Муттаҳида ҷомаи амал пӯшидани орзуи худ медонистанд: даромади устувор ва нисбатан баланд, имконияти таъмини оила ва ғайра.Аммо вақтҳои охир ин орзу барои бисёриҳо ба саргардонӣ табдил ёфт, яъне ба вазъияте, ки интизориҳо бо монеаҳо мувоҷеҳ мегарданд, нақшаҳо вайрон мешаванд, як навъ эҳсоси ноумедӣ ба вуҷуд меояд.
Сабаби ин – надонистани забон, ки қаблан ба он чашм пӯшидан мумкин буд, аммо акнун ба як монеаи ногузир дар роҳи ба даст овардани воситаи рӯзгузаронӣ гардидааст.
Агар то ду сол пеш ронандае, ки забони англисиро қариб ки намедонист, оромона кор карда метавонист, ҳоло санҷишҳо хеле шадид шудаанд. Ҳар гуна таваққуф аз ҷониби нозири роҳ метавонад боиси аз даст рафтани вазифа ва ҷои кор гардад. Ронандае, ки ба саволҳо дар бораи бор, хатсайр ё ҳуҷҷатҳо ба таври возеҳ ҷавоб дода наметавонад, ба ҳуҷҷатҳояш метавонанд муҳри «out of service» бизананд. Ин мӯҳр маънии манъи шуғлро дорад - бо он дар ИМА дигар мошини боркашро идора кардан мумкин нест.
Тавре РИА «Новости» нигоштааст, аксари ронандагони ИДМ, ки дар ИМА бо боркашонӣ дар масофаҳои дур кор мекунанд, аз сабаби дониши пасти забони англисӣ дар робита ба сахттар шудани сиёсати муҳоҷират дар кишвар аз баромадан ба роҳ худдорӣ мекунанд.
Мушкилот дар самти логистика низ ба вуҷуд омадааст. Ба гуфтаи рӯзноманигори РИА «Новости», диспетчерҳое, ки фармоишҳоро тақсим мекунанд, бештар аз ҳамкорӣ бо ронандагоне, ки забони англисиро намедонанд, даст мекашанд. Онҳо намехоҳанд таваккал кунанд, зеро ҳама гуна мушкилоту нофаҳмиҳо дар роҳ метавонад боиси вайрон шудани мӯҳлати расонидани бор ва талафоти молиявӣ гардад. Соҳибони ширкатҳои хурди нақлиётӣ, аксаран худ муҳоҷиранд, дар вазъияти душвор қарор доранд. Онҳо бояд аз ҳамкорӣ бо ҳамватанони худ даст кашанд ва фавран кормандони англисзабонро ҷустуҷӯ кунанд, то тиҷорат қатъ нашавад.
ЧӢ ГУНА ШАРТҲО ГУЗОШТА ШУДААНД?
Тибқи фармони Президенти ИМА, ронандагони мошинҳои боркаш бояд:
- дастурҳои шифоҳиро бо забони англисӣ фаҳманд;
- аломатҳои роҳ ва ҷадвалҳои электрониро бидуни тарҷумон хона тавонанд;
- бидуни варақаҳои ёрирасон ва барномаҳо бо нозирони роҳ суҳбат кунанд;
- қисмҳои мошинро ба забони англисӣ тавсиф карда тавонанд.
Ҳар гуна саҳву хато ва номувофиқатӣ ба талабот ба маҳрум сохтан аз идоракунии минбаъдаи воситаи нақлиёт оварда мерасонад.
Пештар талаботи донистани забони англисӣ вуҷуд дошт, аммо ҷазо сабуктар буд. Ронандагон ҷарима баста ё ба онҳо танҳо огоҳӣ дода мешуд. Ҳоло нозирон вазифадоранд, ки пеш аз тасдиқи донистани забон кор карданро манъ кунанд.
Ба Гуфтаи Вазири нақлиёти ИМА Шон Даффи, ҳадафи ислоҳот баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ дар роҳҳо мебошад.
Тибқи маълумоти моҳи декабри соли 2025, барои ноком шудан дар санҷиши забони англисӣ беш аз 9,5 ҳазор ронандаи мошинҳои боркаш аз кор хориҷ карда шудаанд.
САНҶИШҲО ЧӢ ТАВР МЕГУЗАРАНД?
Санҷишҳо дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешаванд:
- дар вақти муоинаи нақшавӣ дар нуқтаҳои назоратӣ;
- ҳангоми санҷиш бо сабаби вайроншавии мошин (масалан, изофабор ё шикастан);
- ҳангоми санҷиши интихобӣ бо фармони мақомоти федералӣ.
Ҳангоми суҳбат ба ронанда дар бораи масир, ҳуҷҷатҳои ҳамроҳӣ ва қоидаҳои истифодаи техника саволҳо дода мешаванд. Агар нозир дониши забонро нокифоя шуморад, ба ҳуҷҷатҳои ронанда муҳри «out of service» мезанад. Иҷозатномаи кор лағв карда мешавад.
ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ?
Ба таваҷҷуҳи ронандагон ва муассисаҳои нақлётии Тоҷикистон расонида мешавад, ки талаби донистани забони кишвари будубош, ба хусус дар сатҳи муошират, ҳеҷ ҷои бадӣ надорад ва ғайритабиӣ нест, билхоса барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо фаъолияти ҷиддӣ ва пурмасъулият, аз қабили боркашонии байналмилалӣ машғуланд.
Донистани забони кишваре, ки дар он ронандаи мошини боркаш кор мекунад, метавонад дар ҷанбаҳои гуногуни касбӣ барояш муфид бошад. Барои мисол:
Ҳамкорӣ бо ҳамкасбон ва намояндагони доираҳои расмӣ. Захираи асосии калимаҳо ва ибораҳои корӣ имкон медиҳад, ки муошират бо ҳамкорон, диспетчерҳо, мизоҷон ва инчунин тавсифи вазъи роҳ дар ҳолати фавқулодда осон гардад.
Фаҳмиши ҳуҷҷатҳо ва аломатҳои роҳ. Ба истиснои кам, аломатҳои роҳ дар кишварҳо ҳаммонанданд, аммо ҳуҷҷатҳо бояд муфассалтар баррасӣ карда шаванд.
Тафсири дурусти дастурҳо ва огоҳиҳо. Барои роҳ надодан ба нофаҳмиҳо бо диспетчерҳо ва муштариён, омӯхтани истилоҳоти мушаххаси ҳамлу нақли байналмилалӣ муҳим аст.
Муошират бо ҳамкасбон аз дигар кишварҳо. Ин на танҳо барои хаста нашудан дар роҳ кӯмак мекунад, балки ба омухтани тафсилоти муфид дар бораи қоидаҳои ҳаракат дар кишвари ношинос мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1047 аз 4 апрели соли 2003 «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» содир ва ҷиҳати иҷрои ин фармон бо қарори Ҳукумати ҶТ таҳти №438 аз 30 августи соли 2019 «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гапрдидааст.
Моҳи октябри соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ диққати махсус додан зарур аст, зеро ин забонҳо аз ҷумлаи забонҳои ҷаҳонӣ мебошанд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки тавассути забонҳои хориҷӣ таърих ва тамаддуни мардуми қадимаи тоҷик ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба ҷаҳон беҳтар муаррифӣ кардан мумкин аст.
Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, донистани забонҳои хориҷӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ самараноктар намояндагӣ ва ҷомеаи ҷаҳон бо мероси фарҳангӣ ва дастовардҳои муосири кишвар шинос карда шавад.
«Агар мо хоҳем, ки рушди ояндаи илмӣ ва техникиву технологии кишварамонро таъмин намоем, бояд шароит муҳайё созем, ки фарзандонамон забонҳои хориҷиро хуб омӯзанд ва ҳамчун кадрҳои ба талаботи замонаи пешрафт ҷавобгӯй ба камол расанд», - таъкид намуданд Президенти ҶТ.
ЧӢ БОЯД КАРД?
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагон ва муассисаҳои нақлиётӣ, ки бо ҳамлу нақли байналмилалӣ машғуланд, чунин тавсия медиҳад: - ба забони англисӣ мунтазам машқ кунед;
- истилоҳоти касбӣ ва сенарияҳои санҷишро пешакӣ аз худ намоед;
- подкастҳои англисӣ ва дарсҳои аудиоиро дар роҳ гӯш кунед;
- дар мактабҳои махсус забон омӯзед.
Ва боз: қабл аз аз фиристодани борҳо, ширкатҳо ва корхонаю муаассисаҳои нақлиётӣ бояд итминон дошта бошанд, ки кормандон бо қоидаҳои нав ошно ҳастанд ва барои санҷиш омодаанд.