ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКӢ"

МУЛОҚОТИ СЕЮМИ ВАЗИРОНИ НАҚЛИЁТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Тоҷикистон ба рушди системаи нақлиёти сабз ва рақамии минтақа манфиатдор аст

2025-11-13 10:02:29 | Диданд: 21

Рӯзи чоршанбеи 12 ноябр дар Тошканд дар доираи Намоишгоҳи 21-уми байналмилалии «Нақлиёт ва логистика – TransLogistica Uzbekistan 2025» мулоқоти сеюми вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид. Дар он Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иштирок ва суханронӣ кард.

Мулоқотро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон Илҳом Махкамов ифтитоҳ намуд.

Дар ҳамоиш вазирон дар бораи сохтмони роҳҳои нави автомобилгард ва роҳи оҳан, таъсиси хатсайрҳои нави ҳавопаймоӣ ва васеъ кардани хатсайрҳои байналмилалии мавҷуда, аҳамияти ривоҷи ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа дар соҳаи нақлиёт ва логистика ибрози андеша намуданд.

Вазири нақлиёти ҶумҳурииТоҷикистон Азим Иброҳим зимни суханронии худ изҳор дошт, ки солҳои охир давлатҳои Осиёи Марказӣ ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва робитаҳои тарафайн таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Кишварҳои мо бо дарки он, ки нақлиёт яке аз омилҳои муҳимтарини рушди устувор, сулҳу субот ва шукуфоии Осиёи Марказӣ мебошад, муттаҳид шудаанд.

Вазир Созишномаро дар бораи таҳкими равобити байниҳамдигарии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ, ки дар ҷараёни Мулоқоти панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ моҳи сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, қадами муҳим дар ин самт номид. «Мо ин тамоюли мусбатро омили муҳими рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии минтақа ва густариши иштироки он дар занҷирҳои ҷаҳонии таъминот мешуморем», - изҳор дошт ӯ.

Вазири нақлиёти ҶТ бар ин назар аст, ки рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодии минтақа пешбурди босуръати равандҳои ҳамгироии системаҳои миллии нақлиётро ба шабакаи байналмилалии нақлиёт талаб мекунад. Ба ақидаи ӯ, ҳадафи асосии ин кор ташкили долонҳои самаранок ва бехатари байналмилалии нақлиётӣ мебошад, ки ҳаракати озодона ва бефосилаи одамон, молҳо ва хизматрасониҳоро таъмин мекунанд.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст минбаъд низ дар рушди низоми муосири нақлиёти сабзу рақамии Осиёи Марказӣ, ки ба манфиати ҳамаи халқҳо ва наслҳои ояндаи мо хоҳад буд, саҳми босазо гузорад», - таъкид кард Азим Иброҳим.

Ёдовар мешавем, ки нахустин мулоқоти вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ 13 сентябри соли 2023 дар Душанбе дар доираи Мулоқоти 5-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Мулоқоти дуюми вазирони нақлиёти кишварҳои минтақа 8 августи соли 2024 дар Остона, пойтахти Қазоқистон, дар доираи Мулоқоти 6-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир шуд.
                                                                                                                                                               Бознашр аз сомонаи  www.mintrans.tj