Дар нӯҳ моҳи соли 2025 дар Тоҷикистон тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёт 115 миллиону 5,9 ҳазор тонна бор интиқол дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,4 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузориши худ «Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-сентябри соли 2025» хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти агентӣ, тавассути нақлиёти автомобилӣ 109 миллиону 420,0 ҳазор тонна бор интиқол дода шудааст, ки 95,1% ҳаҷми умумии ҳамлу нақлро ташкил медиҳад.
Дар муқоиса бо соли гузашта ҳаҷми боркашонӣ ба андзаи 15,4% афзудааст.
Сохтори боркашонӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки дар вилояти Суғд 33 млн. 361,7 ҳазор тонна бор (30,5 фоизи ҳаҷми умумӣ), дар вилояти Хатлон 42 млн. 395,6 ҳазор тонна (38,7 фоиз), дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 млн. 067,5 ҳазор тонна (1,0 фоиз), дар шаҳри Душанбе 15 млн 678,6 ҳазор тонна (14,3%), дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 16 млн.916,6 ҳазор тонна бор (15,5%) интиқол дода шудааст.
Бо нақлиёти роҳи оҳан дар ин давра 5 млн. 585,0 ҳазор тонна бор (бо назардошти боркунӣ, борфарорӣ ва транзит) интиқол дода шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ–сентябри соли 2024 ба андозаи 16,1% зиёд аст.
Гардиши борҳои ҳамаи намудҳои нақлиёт дар моҳҳои январ–сентябри соли равон 11 млрд. 403,4 млн. тонна-километрро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,1% бештар аст.
Илова бар ин, дар нӯҳ моҳи соли 2025 ба воситаи ҳамаи намудҳои нақлиёти мусофирбар 832 млн. 096,2 ҳазор мусофир интиқол дода шудааст, ки аз сатҳи моҳҳои январ–сентябри соли гузашта 9,6% зиёд аст.
Ҳиссаи асосиро дар ҳамлу нақл нақлиёти хушкигард ташкил мекунад, ки вазни хоси он ба 99,9% баробар аст. Дар муқоиса бо соли гузашта ҳаҷми мусофиркашонӣ 9,7 фоиз афзудааст.