МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. ЮНЕСКО Эъломияи Куруши Кабирро расман рамзи глобалии ҳуқуқҳои аввали инсон ва гуногунии фарҳангӣ эълон кард»
Ҳафтаи сипаришуда воқеаи муҳими таърихӣ ба вуқӯъ пайваст, ки аслан рамзӣ низ буд: 6 ноябр, дар Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар конфронси 43-юми ЮНЕСКО, ки дар Самарқанд, яке аз қадимтарин шаҳрҳои ҷаҳон баргузор шуд, «Устувонаи (маншури) Куруши Кабир» расман яке аз аввалин санадҳо дар таърихи ҷаҳон эътироф шуд, ки принсипҳои ҳуқуқи инсонро эълом доштааст.
Қатъномаи ЮНЕСКО таҳти унвони «Эъломияи Куруш: санади нахустини ҳуқуқи инсон ва гуногунии фарҳангӣ» аҳамияти таърихӣ ва маънавии ин Эъломияро ҳамчун яке аз аввалин ҳуҷҷатҳои инсонпарварона, ки арзишҳои озодии виҷдон, адолат, эҳтироми ҳуқуқи инсон, гуногунии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро эътироф намудааст, таъкид мекунад.
Ин ташаббус тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 зикр шудааст, ба Муассисаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг – ЮНЕСКО (англ. United Nations Educational, Scientific and Cultural Organization) пешниҳод гардида буд.
«Мо бояд ҳадафмандона ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии миллатамонро идома диҳем ва онҳоро дар арсаи байналмилалӣ бештар муаррифӣ намоем, - изҳор доштанд Сарвари давлат дар Паёми худ. – Бо ин мақсад ба вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг супориш дода мешавад, ки барои ҷашни 2550-солагии қабули Эъломияи ҳуқуқи инсони Куруши Кабир маводи заруриро омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод кунанд».
Қатъномаи ЮНЕСКО, ки лоиҳаи онро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳод кардааст ва аз ҷониби давлатҳои аъзои ин созмони бонуфуз дастгирӣ шудааст, дар таҳкими арзишҳои умумиинсонӣ, рушди ҳамдигарфаҳмӣ байни тамаддунҳо ва мусоидат ба муколамаи фарҳангҳо дар доираи ин созмон саҳми назаррас хоҳад дошт.
***
Тавре аз таърих медонем, Куруши Кабир панҷумин подшоҳи сулолаи шоҳони Форси қадим аз сулолаи Ҳахоманишиён ва асосгузори давлати Ҳахоминишиён (империяи аввали Форс) мебошад, ки ин давлат дар асрҳои VI – IV то милод дар қаламрави Осиёи Пеш ва Африқои шимолу шарқӣ вуҷуд доштааст. Ин империя қаламравҳоро аз Осиёи Марказии муосир, Қафқоз, Эрон, Туркия, Ироқ то Покистон, Ҳиндустон, Юнон, Либия ва Исроил фаро мегирифт. Аҳолии империя ҳудудан аз 25 то 50 миллион нафарро ташкил медод, ки он вақт қариб ба нисфи аҳолии рӯи Замин баробар буд.
Тибқи сарчашмаҳои қадимаи таърихнигорони Юнони Қадим, империяи Куруши Кабир қаламрави Порсу Мод, Бобулу Ошур, Мисру Финикия, Лидияву Урарту, Парфияву Гиркания, Бохтару Суғд, Хоразм ва 22 вилояти дигарро дар се қитъа – Осиё, Аврупо ва Африқо муттаҳид карда буд.
Эъломияи Куруши Кабир - ин устувонаи (силиндри) гилинест бо навиштаҷот бо хати ҳамон давра, ки дар он тибқи фармони худи Шоҳаншоҳ Куруш ғалабаҳо, дастовардҳо ва амалҳои инсондӯстонаи ӯ ва рӯйхати ниёгонаш мусаббат шудааст.
Ин ёдгории таърихӣ, ки ба асри 6-уми пеш аз милод тааллуқ дорад, дар харобаҳои шаҳри қадимаи месопотамияи Бобул (дар қаламрави Ироқи ҳозира) дар соли 1879 кашф ва ба осорхонаи Бритониё дар Лондон интиқол дода шуд.
Матни ёдгорӣӣ бостонӣ хуб ҳифз шудааст, тарҷума тақрибан 1000 калимаро ташкил медиҳад ва тақрибан ба соли 536 то милод тааллуқ дорад.
Эъломияи Куруши Кабир тавсифи хидматҳои ӯро ҳамчун ишғолгар, қонунгузор ва озодкунандаи халқҳо аз ҳокимони ноодил дар бар мегирад. Дар байни дигар чизҳо, ӯ ба ҳамаи тобеъонаш (форсҳо, бобулиҳо, яҳудиён, юнониҳо ва дигарон) озодии эътиқолди диниро кафолат медиҳад.
Куруши Кабир бо Эъломияи худ системаи идоракуниро таъсис дод, ки гуногунии фарҳангҳо ва эътиқодҳоро пешбинӣ менамояд; бардаҳо (ғуломон) -ро озод кард, эълом дошт, ки ҳама одамон, новобаста аз миллат, дину оин ва нажоди худ ҳуқуқи баробар доранд; ба исроилиёни бадарғашуда иҷозат дод, ки ба Яҳудо баргарданд ва Маъбадро дар Доруссалом барқарор кунанд; инфрасохтореро таъсис дод, ки ба рушди роҳҳо мусоидат кард, муошират ва интиқоли молҳо ва ғояҳо, мубодилаи таҷрибаҳои фарҳангӣ ва динӣ байни халқҳои гуногун равнақ бахшид. Ин ва дигар қарорҳои ӯ бо хатти мехӣ дар устувонаи гилин сабт карда шуданд.
Устувонаи Куруш пешгузаштаи бисёр санадҳое ҳисобида мешавад, ки ҳуқуқи инсонро эътироф ва ҳимяи мекунанд, ба монанди Хартияи бузурги озодиҳои Англия (1215), Петитсия дар бораи ҳуқуқи Англия (1628), Эъломияи истиқлолияти ИМА (1776), Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (1948) ва ғайра.
Таърихнигорон одатан устувонаи Курушро дар заминаи анъанаи қадимаи месопотамия тасвир мекунанд, ки тибқи он ҳокимони нав ҳукмронии худро бо эълони ислоҳот оғоз мекарданд.
Таърихнигорон мегӯянд, ки ғояҳои ҳуқуқи инсон, демократия ва адолат ба Ҳиндустон, Юнон ва дар ниҳоят ба Рум маҳз аз Бобул, ки яке аз пойтахтҳои империяи Ҳахомонишиён буд ва ин импрерияро Куруши Кабир роҳбарӣ мекард, ворид шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» дар ин бора чунин нигоштаанд: «Шояд дар таърихи қадим ин Эъломия қадами аввалин ба сӯи ҷомеаи дунявӣ ва одилона буд, ки баъдтар тавассути тамаддуни юнонӣ ва румӣ ба Аврупо ворид шуда, ба ҷомеаи ҳуқуқӣ, дунявӣ ва инсонӣ асос гузошт»
Ҳамин тариқ, имрӯз он чӣ, ки ҳамчун Устувонаи Куруши Кабир маъруф аст, ҳуҷҷати қадимӣ ва аввалин оинномаи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Он ба ҳамаи шаш забони расмии Созмони Милали Муттаҳид тарҷума шудааст ва муқаррароти он дар чор моддаи аввали Эъломияи умумии ҳуқуқи башари СММ инъикос ефтааст.
Ин маънои онро дорад, ки тоҷикон, чун ворисони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ, аз азал миллате буданд, ки қонунҳоро эҷод ва эҳтиром мекарданд. Онҳо дар ташаккул ва рушди қонунсозӣ ва қонунсолорӣ ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ саҳм гузоштанд.