ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

ПЕШВОИ МИЛЛАТ БОРҲО БА ИН МАВЗУЪ ТАЪКИД КАРДААНД. Логистика ба бахши ҷудонопазир ва муҳаррики муҳими иқтисод табдил меёбад

2025-07-18 11:54:46 | Диданд: 26

Созмони байналмилалии Benchmark International гузориши нави худро таҳти унвони Global Transportation & Logistics Industry report  аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 дар бораи пешгӯиҳои рушди бозори ҷаҳонии боркашонӣ ва логистика нашр  намуд.
Мавриди зикр аст, ки Benchmark International соли 2008 таъсис ёфтааст  ва қароргоҳаш дар Тампа, Флорида, ИМА ҷойгир аст.
Ширкат дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла дар манотиқи Осиё, Амрикои Ҷанубӣ ва Амрикои Шимолӣ намояндагиҳои худро дорад.
Тибқи гузориши ин созмон, то соли 2026 бозори боркашонӣ ва логистика бояд ба андозаи 18,69 миллиард доллари ИМА бо суръати солонаи 4,4% афзоиш ёбад.
Дар айни замон, минтақаи босуръат рушдёбанда дар давраи аз соли 2024 то 2027 Амрикои Шимолӣ арзёбӣ шудааст.
Дар гузориш пешгӯиҳо оид ба рушди бозори ҷаҳонии хизматрасониҳои нақлиётӣ маълумот оварда шудааст. Тибқи натиҷаҳои соли 2024, андозаи  рушд 8,54 триллион долларро ташкил дод.
Интизор меравад, ки ин нишондиҳанда то соли 2034 ба 18,63 триллион доллар мерасад ва суръати афзоиш дар давраи аз соли 2024 то 2034 ҳудуди 8,11% - ро ташкил медиҳад.
Логистика, ки доираи васеи  амалиётро дар бар мегирад (нигоҳдорӣ, идоракунӣ, ҳамлу нақл, машварат, бастабандӣ ва хизматрасониҳои ҳуқуқӣ), ба шарофати равандҳои ҷаҳонишавӣ ва тағироти босуръати бозор  муҳаррики асосии пешбарандаи иқтисодиёт дар тамоми қисматҳои ҷаҳон мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ аз минбарҳои гуногун борҳо  зикр намудаанд, ки логистикаи муассир истеҳсолкунандагон, таъминкунандагон, интиқолдиҳандагон (дистрибюторҳо) ва истеъмолкунандагони ниҳоиро бо ҳам мепайвандад, афзоиши ММД ва рушди соҳаҳои  ба ҳам вобастаро ҳавасманд таъмин  месозад.
Аз ҷумла, дар иҷлосияи 78-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Осиё ва уқёнуси Ором (ЭСКАТО), ки 23-27 майи соли 2022 дар Бангкок (Таиланд) баргузор гардид, Сарвари давлати Тоҷикистон  аҳамияти таҳкими заминаи меъёрию ҳуқуқии марбут ба нақлиёт, таъсиси марказҳои логистикии минтақавӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, инчунин  низоми зеҳнии нақлиётро дар доираи  ЭСКАТО таъкид намуданд.
Тоҷикистон ба таҳкими пайвастаи ҳамкориҳои дуҷониба бо ҳар як узви Итиҳоди  иқтисодии Авруосиё дар тамоми самтҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн манфиатдор аст. Ҳамзамон, ҷонибҳо бояд як қатор масъалаҳои нақлиётӣ ва логистикиро ҳал кунанд. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути алоқаи видеоӣ дар ҷаласаи Шӯрои олии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС), ки 25 майи соли 2023 дар Қасри Кремл дар Маскав баргузор шуд, изҳор доштанд.
«Ин, пеш аз ҳама, иқтидори маҳдуди гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни кишварҳои мост. Инчунин ба коммуникатсияҳои нави автомобилӣ ва роҳи оҳан, аз ҷумла ҳайати ҳаракаткунанда барои ҳамлу нақл дар шароити номувозинати ҳаҷми ҷараёни бор ниёз вуҷуд дорад.
 Дар шароити озодсозии тиҷорат ва рафъи монеаҳо дар роҳи ҳаракати молҳо талабот ба хизматрасониҳои нақлиётӣ, аз ҷумла суръат, эътимоднокӣ ва сифати нақлиёт низ меафзояд», - гуфтанд Сарвари давлат ва пешниҳод карданд, ки механизмҳои соддагардонии интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба бозорҳои кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, аз ҷумла тавассути таъсиси марказҳои логистикӣ дар қаламрави мамлакати мо таҳия ва татбиқ карда шаванд.
Дар Мулоқоти 5-уми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи сентябри соли 2023 дар Душанбе баргузор шуд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори пешниҳоди таҳияи Консепсияи ҳамгироии шабакаҳои логистикӣ дар Осиёи Марказӣ бо мақсади ба даст овардани натиҷаи ҳадди аксар аз рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ мебошад.
«Кишварҳои Осиёи Марказиро мебояд барои бунёди инфрасохтори ягонаи нақлиётӣ талош кунанд.
Роҳбарони давлатҳои ин минтақа бояд аз тамоми имкониятҳо дар самти иқтисодӣ истифода баранд», - гуфтанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.Зимни суханронӣ дар саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ – СҲИ (Тошканд, 8-9 ноябри соли 2023) Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «ҳарчи зудтар мавриди баҳрабардорӣ қарор  додан ва истифодаи самараноки долони нақлиётии мултимодалии "Чин-Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо" метавонад ба афзоиши ҳамлу нақли бор миёни кишварҳоямон такони иловагӣ бахшад».
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҶТ 28 декабри соли 2023 Президенти Тоҷикистон чунин зикр намуданд: «Барои пурра расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат бунёди марказҳои логистикӣ, тақсимоти яклухт ва  афзоиш додани шумораи мошинҳои боркаш, аз ҷумла воситаҳои нақлиёти яхдондор дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон муҳим аст».
Бо назардошти манофеи мазкур, Пешвои миллат зимни Паёми худ ба Парлумони кишвар 28 декабри соли 2024 ба Вазорати нақлиёти ҶТ супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи босифати лоиҳаҳои сармоягузорӣ, амалисозии саривақтии сохтмон ва навсозии роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ, ташаккули  долонҳои  транзитӣ ва нақлиётӣ ва инфрасохтори онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.
Дар саммити СҲШ дар Остона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шарикону нозирон пешниҳод намуданд, ки ба Созишномаи байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ки 12 сентябри соли 2014 дар Душанбе ба имзо расида буд, ҳамроҳ шаванд.
Ёдовар мешавем, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  тибқи қарори Ҳукумати мамлакат аз 6 майи соли 2011 дар сохтори Вазорати нақлиёти кишвар муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» таъсис дода шуд.28 октябри соли 2023 бо қарори Ҳукумати ҶТ «Барномаи давлатии рушди  низоми логистикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2028» тасдиқ  гардид.
                                                                                                                                                                    Манбаъ:
www.mintrans.tj