ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Натиҷагирӣ аз фаъолияти МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар 6 моҳи соли 2025

2025-07-08 07:00:27 | Диданд: 66

08.07.2025. Дар МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ҷаласаи корӣ оид ба фаъолияти муассиса дар нимсолаи аввал ва вазифаҳо барои давраи дуюми соли 2025 - ум баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода, директори МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» Фарух Ашурзода, муовинони директор, сардорони раёсат ва шуъбаҳои муассиса иштирок намуданд.
Дар маҷлис маълумот дода шуд, ки муассиса, ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар идоракунии соҳаи нақлиёти автомобилии ҷумҳурӣ, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу дастурҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи нақлиёти автомобилиро асоси фаъолияти корӣ қарор дода, баҳри иҷрои вазифа ва уҳдадориҳои оинномавии худ кушиш ба харҷ медиҳад.
Маълумот дода шуд, ки тибқи нақшаи кории муассиса гуруҳҳои корӣ бо иштироки роҳбарият, сардорони раёсат ва шуъбаҳои дахлдори муассиса, ҷиҳати вусъат бахшидани раванди рақамикунонии варақаҳои роҳхат ва борхат, беҳтар намудани ҳисоботи омории нишондиҳандаҳои асосии соҳаи нақлиёти автомобилӣ, омӯзиши дарсҳои 20 - соатаи Қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ҳалли дигар масъалаҳои ҷойдошта, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои омӯзишӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.   Дар маҷмўъ тибқи барномаи таълимӣ 11663 нафар ронанда ба омўзиши дарсҳои 20 соатаи қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва одоби муошират бо мусофирон фаро гирифта шуда,аз ин шумора 8546 ронанда ба воситаҳои нақлиёти мусофирбар ва 3117 нафар ба ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш рост меояд.
Дар натиҷаи андешидани чораҳои мақсаднок, ҳисоботҳои омории нишондиҳандаҳои асосӣ нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта аз 108,8 % то 113,2 % таъмин гардида, фарогирии варақаҳои роҳхат нисбат ба соли гузашта, 105,5 % - ро ташкил дод. Натиҷаи корҳои иҷрошуда собит намуданд, ки аз 54994 адад воситаҳои нақлиёти дар иқтисодиёт фаъолияткунанда, 51675 адади он бо варақаи роҳхату борхат фаро гирифта шудаанд. Аз он ҷумла 13102 адад воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар корхонаҳои ғайринақлиётӣ бо варақаи роҳхату борхат фаро гирифта шуда, натиҷаи фаъолияти онҳо ба ҳисоботи оморӣ ворид карда шудаанд.
Гузариш ба рақамикунонии варақаҳои роҳхату борхат зери таваҷҷуҳи роҳбарияти муассиса қарор дошта, ҷиҳати баланд бардоштани малакаи истифодаи он пайваста аз ҷониби кормандони муассиса бо кормандони ҷамъият ва корхонаҳои нақлиётӣ корҳои ташвиқотӣ бурда мешавад. Феълан дар 211 корхонаи нақлиётӣ барномаи рақамикунонии роҳхат ва борхат татбиқ гардида, ҷиҳати баланд бардоштани малакаи истифодаи он бо кормандони бахши нақлиётии кишвар зина ба зина корҳои омӯзиши бурда мешавад.
Муасссиса ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии босифат дар 779 хатсайри мусофирбарии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва байнишаҳрӣ тибқи тартиби муқарраргардида, ташкил ва гузаронидани озмунро ба роҳ монда, барои хизматрасонии мусофирбарӣ ба интиқолдиҳандагон вобаста менамояд.
Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 - 2028» ҷиҳати баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, рушди низоми логистика, мусоидат ба рушди  иҷтимоию иқтисодии кишвар, ташкил ва таъмини рушди робитаҳои байналмилалии нақлиётиву тиҷоратии кишвар, таъмини иншооти ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир дар бахши логистикӣ бо аҳаммияти миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2023, №503 қабул гардидааст.
Дар заминаи таҳлилҳо Вазорат тасмим гирифтааст лоиҳаи санади меъёрии танзимкунандаи самти логистика (Қонун дар бораи логистика)-ро бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия ва пешниҳод намояд.
Бо мақсади таъмини заминаи меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷониби вазорат 5 меъёри стандарти байналмилалии техникӣ бо забони тоҷикӣ ва русӣ омода гардид. Хушбахтона  ин пешниҳод аз ҷониби  Агентии “Тоҷикстандарт” дастгирӣ ва ба қайди давлатӣ гирифта шуд. Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ байни МОИ “Кулоб” ва шарикони Ҷумҳурии Мардумии Чин созишнома оид ба сохтмони Маркази логистикӣ дар ҳудуди Минтақаи Озоди иқтисодии “Кулоб” ба имзо расонида шуд. Илова бар ин, миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати роҳ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Барномаи иҷроия оид ба иҷораи қитъаи замин дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Чобаҳор” - и Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расонида шуд. Иҷораи қитъаи замин дар бандари Чобаҳор имконият медиҳад, ки то мо ба бандарҳои  ҷаҳонӣ  дастрасӣ дошта бошем.
Дар асоси таҳлили вазъи кунунии низоми логистика, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо Минтақаи Озоди иқтисодии “Суғд” барои сохтмони маркази логистикӣ дар масоҳати 2 га қитъаи замин ҷудо гардидааст, ки барои нигоҳдорӣ ва коркарди 10 ҳазор тонна маҳсулот пешбинӣ шудааст.
Муассиса ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 - 2028 дар марҳилаи якум (солҳои 2023 - 2025) корҳои таҳлилӣ ва мониторингӣ иҷроиши нақшаи амали Барномаро мунтазам иҷро менамояд. Вобаста ба иҷрои бандҳои дахлдори Барномаи мазкур аз ҷониби мутахассисони муассиса дастурамали истифодабарии бехатари нақлиётҳои барқӣ ва гибридӣ таҳия карда шуда, айни ҳол дар марҳилаи тасдиқ дар Шӯрои илмӣ - техникии вазорат қарор дорад.
 
Дар фароварди маҷлис масъалаҳои асосии соҳа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, ба масъулин ҷиҳати рушди хизматрасониҳои нақлиётӣ - логистикӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.