Дар доираи Машварати 12-уми вазирони нақлиёти давлатҳои аъзои СҲШ, мулоқоти дуҷонибаи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Вэй баргузор шуд.
Мавзӯи асосии гуфтушунид тавсеаи ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаи нақлиёт ва логистика буд. Ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе таъсис додани корхонаҳои хизматрасонии техникии мошинҳои барқӣ, дар шаҳри Қошғар ҷудо кардани биноҳо барои интиқолдиҳандагони тоҷик ба сифати анбори нигаҳдории муваққатии борҳо, сохтмони қитъаи роҳи автомобилгарди «Варшез – Кулма», нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии «Кулма – Каросу» ва маркази логистикӣ дар шаҳри Кӯлобро баррасӣ карданд.
Дар мулоқот масъалаи мусоидати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба рушди минбаъдаи долони мултимодалии «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо» ва ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Чин – Қирғизистон – Узбекистон» мавриди гуфтугӯи ҷонибҳо қарор гирифт.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳаҷми боркашонӣ байни Тоҷикистону Чин ҳамасола меафзояд ва пешниҳод намуд, ки шумораи рухсатномаҳо барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ зиёд карда шавад.
Вазирони нақлиёти ду кишвар инчунин вазъи таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар бораи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи нақлиёт баррасӣ карданд.
Вазири нақлиёти Чин изҳори омодагӣ кард, ки барои ҳалли масъалаҳои муҳокимашуда табирҳои зарурӣ андешад.
Манбаъ:
www.mintrans.tj