ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Вохурии мутахассисон ҷиҳати баррасии лоиҳаҳои нақлиётӣ -логистикӣ

2025-06-26 11:57:45 | Диданд: 97

26-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе вохурии мутахассисони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, КВД “Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ” ва Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо намояндагонии PWC Ҷумҳурии Корея баргузор гардид. Мақсад аз бо ҳам омадани гурӯҳи корӣ, ин баррасии пешниҳоди ҳисоботи ниҳоӣ оид ба лоиҳаи Таҳияи нақшаи сохтмон ва истифодабарии Маркази логистикии Кӯлоб ва лоиҳаи пешакии асосноккунии техникӣ - иқтисодии сохтмони роҳи оҳани пайвастшаванда бо МОИ Кӯлоб башумор меравад.