ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Дар Вазорати нақлиёт бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд

2025-06-26 11:31:42 | Диданд: 85

Дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Дар  ҷамъомад намояндагони роҳбарияти вазорат, воҳидҳои сохторӣ ва  муассисаю ташкилотҳои тобеи он ширкат намуданд. Муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ҳозиринро бо ин санаи фархунда табрик гуфта, тазаккур дод, ки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки 27 июни соли 1997 ба туфайли талошҳои фидокоронаи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, кишвари маҳбуби моро ба сулҳу субот, ваҳдат ва ҳамбастагӣ расонид ва яке аз рӯйдоду сабақҳои таърихӣ ва тақдирсоз дар ҳаёти мардуми тоҷик мебошад. Таъкид гардид, ки ба шарофати Ваҳдати миллӣ дар тӯли 28 сол таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо дар ҳама соҳаҳо ба муваффақиятҳои бесобиқа ноил гардид. Даҳҳо корхонаҳои саноатӣ, нерӯгоҳҳо, мактабҳо, беморхонаҳо, боғу гулгаштҳо, дигар иншооти иқтисодӣ ва маъмурию маишӣ, аз ҷумла садҳо километр роҳҳо, пулҳо ва нақбҳои нақлиётӣ сохта ба истифода дода шуданд. Дар ин давра сифати зиндагии мардуми мо хеле беҳтар гардид.Зикр карда шуд, ки Ваҳдати миллӣ на танҳо шиор, сана ва ҳуҷҷат аст, балки дар мағзу хуни мо реша давонда, ба тафаккури миллӣ ва тарзи зиндагии мардуми мо табдил ёфтааст. Дар ҷамъомад ҳамчунин дигар кормандони вазорат суханронӣ намуда, ҳозиринро бо ин ҷашни  умумимиллӣ табрик гуфтанд ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонӣ ва ба ҳар як хонадони мамлакат комгорию хушбахтӣ таманно намуданд.
                                                                                                                                                              Манбаъ:www.mintrans.tj