ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Бо кормандони бахши нақлиёт ва логистикаи шаҳри Бохтар мулоқоти судманд доир гардид

2025-06-12 10:41:00 | Диданд: 310

Дар Раёсати Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, ҷаласаи корӣ бо иштироки намояндагони масъули дастгоҳи марказии муассиса, баргузор гардид. Дар маҷлис таваҷҷуҳи зиёд ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар бахши нақлиёт ва логистика дода шуда, аз кормандони Раёсат даъват ба амал оварда шуд, ки дар иҷрои рисолати касбӣ ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд. Дар қисмати дуюми маҷлис диққати иштирокдорон ба масъалаҳои риояи интизоми меҳнат, роҳ надодан ба зиёдаравӣ ҳангоми барпо намудани ҷашну маросим, тарбия намудани ҷавонон ва наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, зебоипарастӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, роҳ надодан ба амалҳои корупсионӣ ва сарфакорона истифода бурдани нерўи барқ ҷалб карда шуд. Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯза, ки афзоиши талабот ба неруи барқ мушоҳида мегардад, масъалаи захира ва сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ аҳамияти муҳим касб намудааст. Бо назардошти ин, ба иштирокдорони маҷлис аз тағйиру иловаҳои воридгардида ба Кодекси ҷиноятӣ маълумот додашуда, зикр гардид, ки минбаъд шахсоне, ки ба дасткории ҳисобкунакҳо, дуздии барқ ва пайвастсозии ғайриқонунӣ даст мезананд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.