27-уми майи соли 2025-ум дар доираи ҷаласаи 2 - юми Гурӯҳи кории сатҳи баланд бахшида ба долони мултимодалии «Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия (ТУТЭТ) + Чин» дар Душанбе семинари корӣ оид ба ҷорӣ намудани низоми байналмилалии eTIR баргузор гардид. Семинар, ки ҳадафи он ташкили низоми ягонаи рақамии гумрукии транзит дар заминаи қарорҳои Комиссияи иқтисодии Аврупои (КИА) СММ буд, бо иштироки намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, Шӯъбаи нақлиёти КИА СММ, Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ), Иттифоқи байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (IRU), инчунин ИА ва САҲА ифтитоҳ гардид.
Дар семинар чунин мавзӯъҳо баррасӣ гардиданд: «Муқаддимаи амалӣ оид ба eTIR (рӯнамоии ИА, СММ ва IRU)»; «Таҷрибаи кишварҳои ОМ оид ба истифодаи транзити гумрукӣ»; «Феҳристи маълумот барои эъломияи транзити электронӣ»; «Ҳамгироии низомҳои миллӣ бо платформаи байналмилалии eTIR»; «Гузаронидани озмоишии ҳамлу нақл бо истифода аз низоми eTIR».
Тавре муовини Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода дар суханронии худ зикр кард, Тоҷикистон ба имкониятҳои eTIR ҳамчун воситаи таъмини ҳадди аксари шаффофият ва пайгирии ҳаракати борҳо, инчунин суръат бахшидан ба расмиёти бақайдгирӣ ва коҳиш додани сарбории маъмурӣ барои интиқолдиҳандагон ва мақомоти назоратӣ баҳои баланд медиҳад.
«Дар робита ба ин, мо ба пайвастшавии пурра ба низоми байналмилалии eTIR манфиатдорем», – изҳор дошт ӯ.
Дар доираи семинар намояндагони хадамоти гумрук ва дигар идораҳои дахлдори Осиёи Марказӣ мақоми ҷории татбиқи тартиби транзит ва рӯйхати маълумоти заруриро барои эъломияҳои eTIR пешниҳод карданд. Ба ақидаи муовини Вазири нақлиёти ҶТ, ин барои муқоисаи таҷоруб, ошкор сохтани масъалаҳои ҳалталаб ва таҳияи тавсияҳои амалӣ ҷиҳати ҳамоҳангсозии тартиби ягона заминаи хуб хоҳад буд.
Қобили зикр аст, ки дар Ҳамоиши (саммити) сарони давлатҳо – иштирокчиёни Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) дар Боку 24 ноябри соли 2023 Харитаи роҳ оид ба рақамикунонии мубодилаи мултимодалии маълумот ва ҳуҷҷатҳо дар тӯли долони нақлиётии Транс-Каспий (Долони миёна) тасдиқ гардида буд. Ҷорӣ намудани низоми байналмилалии eTIR ҳамчун унсури транзити рақамии бефосила ва бехатар миёни кишварҳои минтақа аз афзалиятҳои ин санади таърихӣ мебошад.
Зимни суханронӣ дар ҳамоиши зикршуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: «Дар доираи Барномаи СПЕК пешниҳод менамоем, ки ҳамкории ҷонибҳо дар рақамикунонии мубодилаи мултимодалии маълумот ва ҳуҷҷатҳо дар масирҳои транзитӣ дар долонҳои нақлиётии минтақавӣ фаъол гардонида шавад. Мо барои гузаштан ба ҳамкории сифатан беҳтари кишварҳоямон дар соҳаи тиҷорати электронӣ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои иштирокчиёни он изҳори омодагӣ мекунем».
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии Конвенсияи гумрукӣ оид ба ҳамлу нақли байналмилалии борҳо бо истифода аз кортҳои Низоми байналмилалии ҳамлу нақли борҳо (TIR) буда, ба Низоми байналмилалии электронии борхатҳои нақлиётӣ (еCMR) низ ҳамроҳ шудааст.
Манбаъ: www.mintrans.tj