ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Раванди рақамикунонии е-TIR дар Осиёи Марказӣ

2025-05-27 06:18:20 | Диданд: 537

27.05.2025. Дар шаҳри Душанбе Семинари корӣ оид ба амалӣ намудани тартиби байналмилалии  е-TIR дар Осиёи марказӣ  баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ва аз созмону ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Қобили қайд аст, ки дар семинар мутахасисони нақлиётӣ ва гумрукии Осиёи марказӣ, аз чумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узбекистон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Туркманистон ва  аз созмони IRU оид ба ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта дар ин самт табодули афкор намуда, дар амал татбиқ намудани техникаву техналогияи муосиро дар портали электронии TIR барои кишварҳои минтақа зарур шумориданд.