ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

ТОҶИКИСТОН РОБИТАҲОИ НАҚЛИЁТИИ БАЙНИ КИШВАРҲОРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД. Дар Душанбе намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ масоили рақамисозӣ ва рушди устувори логистикаро баррасӣ карданд

2025-05-27 05:17:15 | Диданд: 453

26-уми май дар Душанбе таҳти сарпарастии СҲИ (Созмони ҳамкории иқтисодӣ; Economic Cooperation Organization, ECO) ҷаласаи 2-юми машваратии Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони мултимодалии «Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия (ТУТЭТ) + Чин»  доир гардид.
Дар ҷаласа, ба ғайр аз шахсони баландпояи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, намояндагони кишварҳои узви СҲИ: Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Туркия ва Узбекистон иштирок карданд.
Ҷаласа ба мавзуи рушд ва пешбурди  долони  байналмилалии транзитии  фавқуззикр бо мақсади зиёд кардани боркашонӣ ва содда гардонидани расмиёти савдо, алахусус барои кишварҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, бахшида шуд.
Дар  ҳамоиш масъалаҳои тавсеа ва таъмиқи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, рушди инфрасохтор ва ҳамоҳангсозии расмиёти убури марзҳо баррасӣ шуданд. Дар ин замина омилҳои робитаи устувор ва равандҳои рақамикунонии соҳаи нақлиёт мавриди гуфтугӯи ширкаткунандагон қарор гирифтанд.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни суханронӣ дар ифтитоҳи ҷаласа гуфт: «Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ барои таҳкими нақши нақлиёт ва логистика дар таъмини тиҷорати устувор ва ҳамгироии иқтисодӣ миёни кишварҳои минтақа талош меварзад». Вазир изҳори итминон намуд, ки ривоҷи долонҳои нақлиётии байнимодалӣ ва мултимодалӣ, хизматрасониҳои нақлиётии фаромарзӣ ва транзитӣ боиси рушди устувори иқтисодӣ ва тавсеаи имконоти занҷираҳои логистикӣ хоҳад гашт. Барои ин, ба гуфтаи ӯ, ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ва сарҳадӣ бо мақсади осон кардани ҳамлу нақли одамон ва молҳо зарур аст. Дар ин замина, Вазири нақлиёти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ҳуҷҷатҳои транзитӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти ҳамкорӣ рақамӣ кунонида шаванд, инчунин дар нуқтаҳои назоратӣ «хатҳои сабз»-И TIR-EPD таъсис дода шаванд. Ба ақидаи ӯ, чунин тадбир бехатарии тиҷорат ва ҳамлу нақли байналмилалиро, ки  бар Конвенсияи СММ асос ёфтааст таъмин намуда, вақти транзит ва ҳаҷми партовҳои CO2-ро коҳиш медиҳад.
                                                                                                                                                                      Манбаъ:www.mintrans.tj/