ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

ОГОҲӢ. Дар Тоҷикистон тӯфони чангу ғубори шиддатнок пешгӯӣ мешавад

2025-05-06 03:15:33 | Диданд: 88

Аз 8 то 10 май дар Тоҷикистон тӯфони чангу ғубори шиддатнок пешгӯӣ мешавад, ки аз шиддатнокии вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва шимолии ҷумҳурӣ ба вуҷуд меояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, шароити номусоиди метеорологӣ боиси баланд шудани миқдори зиёди чанг дар атмосфера ва паст шудани сифати ҳаво мегардад. Дар аксари минтақаҳои мамлакат консентратсияи зарраҳои муаллақи андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) ва 10мкр (Рм-10) аз меъёрҳои муқаррарӣ хеле зиёдтар пешгӯӣ мешавад, ки метавонад ба саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ расонад.Тавре иттилоъ дода шуд, ин гуна зарраҳо ба саломатии кӯдакон, пиронсолон ва одамони гирифтори бемориҳои музмин таъсири манфӣ мерасонанд. Дар ин ҳолат, бино ба тавсияи Агентӣ кӯдакон ва наврасон, пиронсолон, занони ҳомила, одамони гирифтори бемориҳои системаи нафаскашӣ, одамони гирифтори бемориҳои дилу раг, шахсони масунияташон суст то ҳадди имкон бе зарурат аз хона набароянд. Ҳамзамон сокинонро мебояд аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намуда, фаъолияти ҷисмониро дар беруни бино маҳдуд созанд. Ба беморони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд, диққи нафаси бронхиалӣ тавсия дода мешавад, ки зуд-зуд ҳавои хонаро тоза карда, саломатиашонро эмин нигоҳ доранд. Дар ин рӯзҳо одамон бояд бештар оби тоза нӯшанд, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, хуб аст. Тавсия дода мешавад, ки тирезаҳои хона пӯшида бошанд ва ҳавои дохили хона пайваста тоза нигоҳ дошта шавад. Бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро набояд фаромӯш кард. Тирезаҳои хонаро бо дока ва ё тӯр бипӯшед, то хатари вуруди ҳар гуна моддаи хатарнок кам шавад.