ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Дар ноҳияи Мурғоб беш аз 10 000 ниҳоли сояафкан шинонида шуд.

2025-04-23 05:50:24 | Диданд: 183

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба кишвари сабз табдил додани Тоҷикистони азиз 18 -уми апрели соли равон дар ноҳияи Мурғоб бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния даҳ гектар боғи нав бунёд гардид.  Дар боғи навбунёд зиёда аз даҳ ҳазор дарахтони сояафкан шинонда шуданд. Зимни мулоқот бо сокинони ноҳия раиси вилоят аз дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба ноҳияи Мурғоб ёдоварӣ намуда, иброз дошт, ки солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мурғоби овозадор корҳои ободониву созандагӣ ва буёдкорӣ зиёд гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум рӯз то рӯз беҳтару хубтар шуда истодааст.  Сокинони ноҳияи Мурғоб, ки як дилона дар бунёди боғ меҳнат намудаанд, барои чунин иқдомҳои неки Роҳбарияти Олии мамлакат ва Раиси вилоят изҳори хушнудӣ намуданд.