ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Ҷаласаи корӣ ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасониҳои нақлиётӣ – логистикӣ

2025-04-15 12:33:29 | Диданд: 285

14.04.2025. Дар Раёсати Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар вилояти Суғд ҷаласаи корӣ бо иштироки кормандони раёсат баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои беҳтар ба роҳ мондани хизматрасониҳои нақлиётӣ – логистикӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар корӣ маҷлис сардори Раёсат Тоирзода Чаҳонгир аз иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар кутоҳтарин фурсат руйхати анборхона, сардхона ва гармхонаҳо дар минтақа тартиб дода шуда, шумораи бастани шартномаҳои ҳамкорӣ миёни Раёсати Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ва корхонаҳои ғайринақлиётӣ зиёд карда шавад. 
Дар фарҷоми ма
ҷлис ба кормандон баҳри пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ маслиҳату машварат дода шуд.