ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Маҷлиси ҳисоботии Раёсати МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар минтақаи Бохтар

2025-04-14 05:33:16 | Диданд: 295

Рўзи 11.04.2025 с аз фаъолияти Раёсати МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар минтақаи Бохтар дар 3 моҳаи аввали соли 2025-ум натиҷагирӣ карда шуд. Дар кори маҷлис сардори раёсат Раҳмоналӣ Қурбонов оид ба нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти раёсат дар давраи ҳисоботӣ маълумот дода, ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои Директори муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” ба масъулин дастур доданд.