ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Маълумот оид ба ройгон интиқол додани бори дастӣ

2025-04-08 09:03:45 | Диданд: 314

Тибқи банди 126-и Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба ташкил ва амалӣ намудани ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар хатсайрҳои мунтазами шаҳрӣ ва наздишаҳрии ҳамлу нақли мусофирон дар дохилии автобусҳо кашонидани бор бе пардохти ҳаққи иловагӣ танҳо барои як ҷойи бори дастии андозааш то 60х40х20 сантиметр ва вазнаш на зиёд аз 20 кг, ҳамчунин ҷуфти лижаҳои ғилофдор, аробачаи бачагона ва чана (танҳо дар автобусҳо) иҷозат дода мешавад”.
Тибқи банди 153-и Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба ташкил ва амалӣ намудани ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар хатсайрҳои мунтазами байнишаҳрии ҳамлу нақли мусофирон дар дохили автобус барои мусофирон ройгон бурдани бори дастии ҳаҷмаш на зиёда аз 60х40х20 сантиметр ва вазнаш на зиёда аз 35 кг, ҳамчунин ҳайвоноти хурд ва парандаҳо дар қафас иҷозат дода мешавад. Қоидаҳои дар боло зикршуда бо фармоиши вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.04.2023 с., №67 тасдиқ шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.06.2023 с., №1239 ҳамчун санади меъёрӣ ҳуқуқӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.                     Акс аз интернет