ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

ТАШКИЛИ ДАСТАИ ФУТБОЛ

2025-04-07 07:01:43 | Диданд: 330

Боиси хушнудист, ки солҳои охир футбол дар Тоҷикистон оммавияти васеъ пайдо намуда, дастаи футболбозони алоҳида ва мунтахаби кишвар бо бозиҳои шавқовар натиҷаҳои умедбахш нишон медиҳанд. Ин аст, ки сафи мухлисони футбол дар Тоҷикистон хеле афзудааст.
МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистики» - и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар мусоби
қаҳои варзишӣ миёни кормандони вазорату идораҳои кишвар дастаи мунтахаби худро ташкил намуд. Интизор меравад, ки дастаи футболбозони МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар чорабиниҳои варзишӣ фаъолона иштирок намуда, дар ташвиқу таблиғи варзиш саҳми худро мегузорад.