ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Амалиёти “Роҳхату борхат”

2024-05-14 09:21:13 | Диданд: 143

Бо мақсади фарогирии воситаҳои нақлиёти ҳамлу нақли бору мусофирон бо варақаи роҳхату борхат ва ҷиҳати баҳисобгирии пурраи ҳисоботи оморӣ  аз 13 то 28 майи соли 2024-ум дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат амалиёти “Роҳхату борхат” гузаронида мешавад. Ҳаминро бояд гуфт, ки амалиёти мазкур дар асоси фармоиши сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз 6 майи соли 2024, №39 “Оид ба гузаронидани амалиёти “Роҳхату борхат” ва банди 6-и Оинномаи МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”, ки бо фармоиши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017, №172 тасдиқ шудааст амали мегардад. Дар ин замина намояндагони Раёсатҳои МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” дар вилоятҳо (минтақаҳо) ва шуъбаҳои дахлдори идораи марказӣ вазифадор карда шудаанд, ки дар якҷояги бо кормандони раёсатҳои минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт гуруҳҳои корӣ ташкил намуда, масъалаҳои риоя намудани истифодабарии талаботи Дастурамалҳои роҳхату борхат, дақиқ ба роҳ мондани ҳисоботи омории нишондиҳандаҳои  асосии соҳа  ва коркарди электронии онҳоро дар нуқтаҳои аввалу охири хатсайрҳо, терминалҳо, истгоҳҳои баркашӣ, нуқтаҳои назоратӣ ва дар корхонаю ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилӣ мавриди таҳлил қарор бидиҳанд.