ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Вохурӣ бо кормандони ҶДММ “Сомон сайр таксӣ”

2024-04-29 04:29:19

26 – уми апрели соли 2024 дар ҶДММ “Сомон сайр таксӣ” вохурии сардори Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” Акрамӣ Саидусмон  бо кормандони ин ҷамъият баргузор гардид. Дар  мулоқот  ба ҳозирин дар робита ба таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  маълумот дода шуда, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар иҷрои талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати экологии ронандагон таваҷҷуҳи махсус дошта бошанд. Дар вохурӣ ҳамчунин роҷеъ ба моҳияти эълон гардидани соли 2024, “Соли маърифати ҳуқуқӣ” суханронӣ ва мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, инчунин риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” таъкид шуда, қайд гардид, ки ҳар сокини кишварро  зарур аст, баҳри пешрафту ободии Ватан, таъмини амнияту суботи ҷомеа, пос доштани Истиқлоли давлатӣ талош варзем.